Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занҷиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Занҷиҳо, зунуҷ (ар. زُنُوج‎‎) — номи ғуломони сиёҳпӯст дар хилофати Бағдод, ки аз бозорҳои ғуломфурӯшии Занзибор ба Ироқу Хузистон оварда мешуданд (асрҳои 7-9).

Занҷиҳо барои иҷрои корҳои сангин, аз қабили хушк кардани ботлоқзорҳо, тоза кардани шӯрзаминҳо, парвариши найшакар ва ғ. истифода бурда мешуданд. занҷиҳо баъзан ҳамчун сипоҳиёни зархарид баҳри хидмати амирон ва заминдорони бузург харида мешуданд. Онҳо дар бошишгоҳҳои алоҳидаи шароиташон тоқатфарсо нигоҳ дошта мешуданд, ки ин боиси сар задани чандин шӯриш гардид. Шӯриши калонтарини занҷиҳо соли 869 сар зада, тақр. 14 сол давом кард. Дар ин давра занҷиҳо мавқеи худро дар ҷануби Ироқ ва ғарби Хузистон мустаҳкам карда, ал-Мухторро (шаҳр дар наздикии Басра) маркази ҳукумати худ эълон карданд. Пешвои ҳаракати занҷиҳо Алӣ ибни Муҳаммад буд, ки насаби худро ба Алӣ ибни Абитолиб мепайваст. Соли 871 ш. Басраро ишғол карда, аҳолии маҳаллӣ ва асирони ҳарбиро ба ғуломӣ гирифтанд. Дар охири солҳои 80 асри 9 нобаробариҳои иҷтимоӣ боиси пароканда шудани ҳаракати занҷиҳо гардид. Соли 879 сипоҳиёни хилофат муборизаро ба муқобили занҷиҳо шиддат бахшида, дар соли 883 ш. ал-Мухторро ишғол карданд. Аксари занҷиҳо пайрави равияи хавориҷ буданд.