Зараррасонҳои анбор
Зараррасонҳои анбор — ҷонвароне, ки ба дон, ғалла, маҳсулоти хӯрокворӣ, меваҳои хушк ва ғайра зарар мерасонанд.
Ба зараррасонҳои анбор тортанакшаклҳо (канаи анбор), ҳашарот (баъзе гамбуску шапалакҳо, миттаҳои шолӣ, орд, нахӯд, лӯбиё, наск ва куя), парандаҳо (кабӯтару гунҷишкон) ва ғ. мансубанд. Зараррасонҳои анбор дар ҳама ҷо паҳн гаштаанд. Дар Тоҷикистон бештар миттаи калони орд (Tenebrio molitor), миттаи хурди орд (Tribolium confusum), ордхӯраки суринамӣ [Oryzaephilus (Silvanus) surinamensis], гамбусаки нӯлдароз (Calandra oryzae), пӯстхӯраки трогодерма (Trogoderma versicolor), гамбусаки мавританӣ (Tenebrioides mauritanicus), шапалаки анбор (Plodia interpunctella), шапалаки осиёб (Ephestia kuhniella), миттаи ҷав [Sitotroga (Gelechidae) cerealella], ғалламуси анбор (Tinea granella), шапалаки орд (Pyralis farinalis) бештар зарар мерасонанд. Зараррасонҳои анбор дар анборҳои ифлос ва ҷойҳои намнок зуд инкишоф меёбанд. Онҳо маҳсулоти хӯроквориро хӯрда, талхмазза ва бесифат мекунанд. Бисёр зараррасонҳо аз худ бӯи бад ва пату пору боқӣ мегузоранд, ки боиси сар задани бемориҳои меъдаю рӯда дар одамон мегарданд. Муши сурхдум, калламуши регзор, муши хонагӣ, кӯрмуш, калламуши хокистарранг ва калламуши даштӣ зараррасонҳои ашадии анбор мебошанд. Калламуши туркистонӣ ба ғалладона, орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, инчунин ба кирмакдорӣ (пилларо хӯрда нобуд мекунад) зарар мерасонад; кайки он интиқолдиҳандаи ангезандаи тоун аст. Мушу калламушҳо донро хӯрда, захираи ғалладонаро ифлос, бино, таҷҳизот ва дигар ашёро вайрон мекунанд ва ҳомили ангезандаҳои вабо, тоун, сӯхтанӣ ва исқот дар байни одаму ҳайвонот мебошанд.
Пешгирӣ ва мубориза: тайёр, тоза ва безарар кардани анбор, маҳалҳо ва мошину таҷҳизоти анбор; бо мошинҳо тоза кардани ғалладонаи зарардида, бехтани орд, бо гардкашак дур кардани чангу гарди халтаҳо; шамол додани анбор, дезинсексияи буғӣ, газӣ ва аэрозолии бино, ғалладона ва маҳсулоти он.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зараррасонҳои анбор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Вредители и болезни сельскохозяйственных культур Таджикистана. Д., 1968;
- Закладной Г. А., Ратанова В. Ф. Вредители хлебных запасов и меры борбы с ними. М., 1973;
- Ветеринарный энциклопедический словарь. М., 1981;
- Потапова С. С. Амбарные вредители. Новосибирск. 2001;
- Одиноков В. Н. ва диг. Семиохимики в защите зерна и продуктов его переработки от вредных насекомых. Уфа., 2005.