Зараррасонҳои дарахтони мева
Зараррасонҳои дарахтони мева — ҳашарот, кана, ҷонварони хоянда ва мавҷудоти дигаре, ки ба дарахтони мева осеб мерасонанд.
Зараррасонҳои дарахтони мева беш аз 500 намуд буда, хосса 100 намуди онҳо ниҳоят хавфноканд. Зараррасонҳои дарахтони мева аз рӯи тарзи ғизогирӣ ба 5 гурӯҳ — баргхӯр, шоху танахӯр, решахӯр, мевахӯр ва гулхӯр ҷудо карда мешаванд. Баргхӯракҳо гурӯҳи калонтарини зараррасонҳо буда, кирми дулона (Aporia crataegi), тилодумаки туркистонӣ (Porthesia kargalica), ҳалқамӯр (Malacosoma parallela), куяи мева (Yponomeuta padellus), гамбусакҳои нӯлдароз (Polydrosus obliguatus, P. pillifer ва ғ.), намудҳои гуногуни куя (Bucculatrix crataegi, Lithocolletis turanica ва ғ.) ва ширинчаҳоро дар бар мегиранд. Онҳо шираи баргро мемаканд. Дар натиҷа барг пажмурда ва рангбохта мегардад. Баргхӯракҳо узвҳои захиракунандаи моддаҳои ғизоии дарахтонро нест карда, боиси хом мондани мева мешаванд. Зараррасонҳои дарахтони мева-ҳои хосса низ мавҷуданд, ки ба дарахтони муайян осеб мерасонанд. Мас., ширинчаи себ танҳо аз себ, ширинчаву кайки нок бошанд, фақат аз шираи барги нок ғизо мегиранд. Ба шоху танахӯракҳо зараррасонҳои маканда, аз қабили заргинаки бодом (Sphenoptera kaznakovi), заргинаки зардолу (Chrysobothris affinis nevskyi), чӯбхӯраки тӯронӣ (Turanium pilosum), деваки бӯин (Cossus cossus), чирчиракҳо (Tibicina zevara, Melempsalta inserta) ва ғ. мансубанд. Онҳо шираи навда, шоху тана, баргу гулмуғча, баъзан меваю решаро макида, садди рушду нумӯи дарахтон мегарданд. Решахӯракҳо асосан ширинчаҳои хунин ва кирминаю гамбусакҳои ҷавзо (Poluphylla tridentata, P. adspersa, Melolontha gussakovskii ва ғ.)-ро муттаҳид мекунанд. Онҳо решачаҳои хурди дарахтонро пурра хӯрда, дар решаҳои ғафс сӯрохиҳои сершумор ба вуҷуд меоранд. Ба мевахӯракҳо мевахӯраки себ (Carpocapsa pomonella), мевахӯраки анор (Luzophera punicaella), кирминаи баъзе пулакчаболҳо (баргпечаки сабз, баргпечаки муғҷа), гамбусакҳои нӯлдароз ва ғ. тааллуқ доранд. Ба дарахтони меваи донакдор (олу, олуча, олуболу, бодом, шафтолу, зардолу) бештар кирминаҳои мевахӯраки олу (Grapholitha funebrana), гамбусаки зардолу (Euritoma samsonovi), куяи мева (Anarsia lineatella) зарар мерасонанд. Онҳо дила, мағз ва тухми меваро мехӯранд. Дар натиҷа мева аз рушд монда, доғ мезанад ва нопухта мерезад. Гулхӯракҳо заррӯҳи пашмин, гамбусаки биринҷӣ, гамбусакҳои гулхӯр, кирминаи баргпечакҳо, канаи барг ва ҳашароти дигарро дар бар мегиранд. Онҳо ҳангоми гулшукуфт гардбарга, тухмдон ва гулбаргро мехӯранд. Дар натиҷа гулҳои осебдида ғӯра намебанданд.
Дар Тоҷикистон беш аз 200 намуди зараррасонҳои дарахтони мева мавҷуданд, ки аксар аз гурӯҳи пулакчаболҳо, баробарболҳо, хартумчадорҳо ва амсоли онҳо мебошанд. Шароити иқлими Тоҷикистон барои инкишофи зараррасонҳои дарахтони мева хеле мусоид аст. Онҳо дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ соле чанд бор насл медиҳанд. Дар натиҷаи афзоиши зиёд бисёр ҳашароти зараррасон, мас., тилодумаки туркистонӣ, ҳалқамӯр ва миттаи себ аз рустаниҳои худрӯй ба дарахтони мева кӯчидаанд. Сабаби дигари дар ҷумҳурӣ паҳн шудани зараррасонҳои дарахтони мева (зиреҳаки калифорнӣ, ширинчаи хунини себ) кӯчат, ниҳол ва тухмиҳое мебошанд, ки аз кишварҳои дигар оварда шудаанд.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои пешгирӣ ва мубориза бо зараррасонҳои дарахтони мева истифодаи ҳашароте, ки тухму кирминаи онҳоро маҳв месозанд, инчунин гузоштани дому мулӯҳҳои махсус ва заҳрбандак, истифодаи доруҳои кимиёӣ — акарисидҳо, инсектитсидҳо, фумигантҳо муҳим аст
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зараррасонҳои дарахтони мева / В. Г. Баева // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Баева В. Г. Насекомые — вредители семечковых плодовых культур в Гиссарской долине. Труды. Т. 119, Д., 1959;
- Кулинич П. Н. Жуки вредящие плодовым и орехоплодным культурам южного склона Гиссарского хребта. Д., 1965;
- Дементьева М. И. Фитопатология. М., 1997; Бей-Биенко Г. Я. Общая энтомология. М., 1998;
- Ченкина А. Ф. Справочник агронома по защите растений. М., 1999;
- Список химических и биологических препаратов борьбы с вредителями и болезнями, разрешенных для применения в сельском хозяйстве. М., 2004.