Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарар (фиқҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарар (ар. ضَرَر ‎ — газанд, осеб, зиён), зиён —дар фиқҳ ҳар нақс ба айни ашё ё осеб, нуқсон ва озор, ки ба касе ё чизе расонида шавад. Бар асоси ҳадисе: «Ло зарара ва ло зирора» («Зарар ва зироре (дар ислом) раво нест ё вуҷуд надорад». «Муватта»-и имом Молик, 745), назди фақеҳон қоидаи фиқҳие ба ҳамин маъно бино шуда, ки тамоми анвои зарарҳоро дар бар мегирад.

Муҳимтарин қоидаҳои мавзӯи зарар:

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. «Аз-зарару юзолу» («Зарар бояд бартараф сохта шавад»), ки бобҳое аз масоили фиқҳӣ, аз қабили бозпас гардонидани мол ва чизи харидашуда ба сабаби айб, навъҳои гуногуни хиёр (ихтиёр)-ҳо, тамоми навъҳои ҳаҷр (манъи тасарруфи шахс ба сабаби хурдсолӣ ё нақси ақлӣ), шуфъа (субути ҳаққи ҳамсоягӣ дар хариду фурӯш) ва ғ. дар зимни он дарҷ гардидаанд;
  2. "Аз-заруроту тубиҳу-л-маҳзурот («Заруратҳо мамнӯотро раво ва мубоҳ мегардонанд»);
  3. «Мо убиҳа ли-з-зарурати юқаддару би қадариҳо» («Он чи барои зарурат раво гардида, ба андозаи рафъи он маҳдуд мегардад»);
  4. «Аз-зарару ло юзолу би мислиҳи» («Зарар ба мисли худаш бартараф карда намешавад»), ки қайдест барои қоидаи: «Зарар бояд бартараф сохта шавад»;
  5. «Ютаҳаммалу-з-зарару-л-хоссу ли дафъи-з-зарари-л-омми» («Зарари хос барои дафъи зарари ом таҳаммул карда мешавад»), ки қайдест барои қоидаи: «Зарар ба мисли худаш зоил сохта намешавад»);
  6. «Изо таъораза мафсадатони, рӯъия аъзамуҳо зараран би иртикоби ахаффиҳо» («Вақте ду мафсада ва зарар бо ҳам ҷамъ оянд, аз зарари бузургтараш бо иртикоби зарари сабуктараш нигаҳдорӣ ва пешгирӣ карда мешавад»). Масалан, бар асоси қоидаҳои мазкур хӯрдани гӯшти худмурда ҳангоми гуруснагии сахт ва хавфи ҳалокат ба андозаи рафъи ниёз ва садди рамақ барои шахси ночор раво мегардад, дар сурате ки хӯрдани он дар ҳолати муқаррарӣ ҳаром ва мамнӯъ аст.
  • الموسوعة الفقهية. الجزء الثامن والعشىون. الكويت ۱۹۹۳؛
  • سنن الدارقطني. بيروت، ۲۰۰۶