Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарафо Қиёмзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарафо Қиёмзода
Қиёмзода Зарафо
Таърихи таваллуд: 20 феврал 1984(1984-02-20) (42 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Шаҳритус, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII

Зарафо Қиёмзода (Қиёмзода Зарафо ; тав. 20 феврали соли 1984, ноҳияи Шаҳритус, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, муҳандис-систематехник, номзади илмҳои иқтисодӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].

Зарафо Қиёмзода 20 феврали соли 1984 дар деҳаи Қизил-Аскари (имрӯза Тусиён)-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2003 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 ба номи Набиев Мустафоқулро хатм намудааст.

Соли 2003 ба факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида соли 2008 донишгоҳи номбурдаро бомуваффаққият хатм намудаст, худи ҳамин сол ба аспирантураи Академияи илмҳои ҶТ дохил шуд. Соли 2011 аспирантураро хатм намуда, дар лабораторияи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти физиология ва генетикаи растаниҳо ба ҳайси лаборанти калон ба кор оғоз намудааст. Соли 2012 ба вазифаи ходими илмии озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология гузаронида шудааст. Сентябри соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти кориро оғоз намуд.

Соли 2016 дар факултети биология ба вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ таъин гардида, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи дотсентии кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро ба уҳда дошт.

Соли 2017 котиби илмии Шӯрои диссертатсионии биология барои дарёфти унвони доктор PhD таъин гардид. Соли 2019 ба вазифаи мудири кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи ДМТ гузаронида шуд. Соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, соли 2021 бо Қарори ҲҶТ ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳит зист гузаронида шуд ва то январи соли 2025 дар ҳамин вазифа фаъолият кардааст.

Аз соли 2013 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. [2].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хосиятҳои биохимиявии махсуси антикосидантии генотипҳои in vitro картошкаи ба намак устувор» ҳимоя намуда, ба унвони номзади илмҳои биологӣ мушарраф гардидааст. муаллифи зиёда 60 маводҳои илмии нашршуда ва 2 –монография, 1- дастури таълимӣ ва 1 ихтироот (патенти илмӣ).

  1. Қиёмзода Зарафо(тоҷ.). www.parlament.tj. 15 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июни 2023.
  2. Қиёмзода Зарафо(тоҷ.). www.parlament.tj. 15 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)