Зарафшон (нашрия)
|
|
Зарафшон — нашрияи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент[1][2]. Нахустин бор ин рӯзнома дар соли 1932 дар шаҳри Самарканд аз чоп баромадааст, вале бо номи дигар: «Коммунисти Панҷакент». Ҳоло сардабири рӯзномаи «Зарафшон» рӯзноманигори варзида Луқмонҷон Қурбонов аст[2][3].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1931 таҳти унвони «Коммунисти Панҷакент» таъсис ёфт[4], аз соли 1962 бо номи имрӯзааш нашр мешавад. Нахустин бор соли 1932 дар шаҳри Самарқанд аз чоп баромадааст.
Нашр
[вироиш | вироиши манбаъ]Теъдоди нашри «Зарафшон» соли 1979 ба 15200 нусха расида буд. Ҳоло моҳе ду бор бо теъдоди беш аз 3000 нусха ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дар шаҳри Душанбе чоп мешавад. Рубрика ва саҳифаҳои асосии рӯзнома: «Амният», «Иқтисод ва ҳаёт», «Кишоварзӣ», «Тандурустӣ», «Ватан ва фарзандон», «Инсон ва ҷомеа», «Тарзи ҳаёти солим», «Набзи айём», «Дар мавзӯи муҳим», «Ҷавонон — такягоҳи миллат», «Навигариҳо», «Варзиш» ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шикояти як узви Ҳизби халқӣ-демократӣ алайҳи узви Ҳизби Наҳзати исломӣ // IRIB Tajik Radio Thursday, 30 April 2015 09:51
- ↑ 2.0 2.1 Як соат дарси мардонагӣ (Гузориш ва аксҳо) Бойгонӣ шудааст 28 апрели 2016 сол. // PRESSA.TJ May 06, 2015
- ↑ Толиби ЛУҚМОН. РӮЗНОМАНИГОР ВА СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО // Ҷумҳурият
- ↑ Газете «Зарафшон» Пенджикента исполнилось 80 лет Бойгонӣ шудааст 21 апрели 2015 сол. // Avesta.tj (Информационная служба) 25-12-2012, 12:49
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарафшон / С. Умаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.