Зарба
Зарба — дар физика, маҷмӯи ҳодисаҳое, ки ҳангоми ба ҳам бархӯрдани ду ҷисми сахти мутаҳаррик, инчунин ҳангоми баъзе намудҳои таъсири мутақобили ҷисми сахт бо моеъ ё газ (мас., зарбаи ҷисм ба сатҳи моеъ, таъсири зарбати мавҷӣ ба ҷисм, зарбаи ҳидравликӣ ва ғ.) ба амал меоянд.
Ҳангоми зарба, яъне таъсири лаҳзавии ҷисмҳо, энергияи ҷисмҳои ба ҳам бархӯранда тағйир меёбад. Аксар ин зарбаҳо хусусияти вайронкунанда доранд. Фосилаи вақти зарба, маъмулан, ниҳоят кӯтоҳ (аз даҳҳазоряк то миллионяки с) буда, қувваҳое, ки дар сатҳҳои расиши ҷисмҳои ба ҳам бархӯранда инкишоф меёбанд (қувваҳои зарбатӣ ё лаҳзавӣ), ниҳоят бузурганд. Ин қувваҳо дар давоми зарба дар доираи васеъ тағйир меёбанд ва ба қимматҳое соҳиб мешаванд, ки барои онҳо қимматҳои миёнаи фишор (шиддат) дар сатҳҳои расиш то 104 – 105 кгқ/см² (1 кгқ/см² = 105 Н/м²) меафзояд. Таъсири қувваҳои зарбатӣ инчунин дар давоми 3. суръатҳои нуқтаҳои ҷисмро ба дараҷаи намоён тағйир медиҳад. Қиммати суръатҳои буҳронии филизҳо аз 15 м/с (барои мис) то 150 м/с ва зиёда аз он (барои пӯлоди аълосифат) мерасад. Агар суръати ҷисмҳо V1 ва V2 то зарба (расми 1.) ба хатти зарба (хатти Y–Y, ки ба сатҳи ҷисмҳо дар нуқтаи расиш амудӣ аст) мувозӣ бошад, зарбаро мустақим ва агар мувозӣ набошанд, зарбаро моил меноманд. Агар ҳангоми зарба маркази вазнинии ҷисмҳо 01 ва 02 дар хатти зарба хобад, зарба марказӣ ном дорад. Агар ҳосили ҷамъи энергияҳои кинетикии ҷисмҳои ба ҳам бархӯранда то ва баъди зарба бетағйир монад, зарба чандир номида мешавад.
Ҳангоми зарба қонуни бақои энергия ва қонуни бақои импулс иҷро мешавад. Агар ҳангоми зарба таъсири қувваҳои берунаро ба эътибор нагирем, он гоҳ импулси пурра ҳангоми он бетағйир мемонад. Дар ин маврид қисми энергия барои гарм шудани ҷисм ва садо сарф мешавад. Агар энергияи механикии ҷисмҳо то зарба ва баъди он маълум бошад, натиҷаи зарба, яъне ба ҳам бархӯрдани онҳоро ҳисоб кардан мумкин аст. Маъмулан, зарбаҳои мутлақо чандир баррасӣ мегарданд ё зариби бақои энергия k ворид карда мешавад, ки ба нисбати энергияи кинетикии баъди зарба ба энергияи кинетикии то зарба ҳангоми бархӯрди як ҷисм ба девори сокити аз дигар мавод сохташуда баробар аст (яъне k маводди ҷисмҳоро тавсиф медиҳад ва ба мушаххасоти дигари ҷисмҳо вобаста набуда, ба таври таҷрибавӣ муайян карда мешавад). Зарбаи мутлақо чандир тамсила (модел)-и бархӯрдест, ки ҳангоми он энергияи пурраи кинетикии система нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид дар механикаи классикӣ деформатсияи ҷисмҳоро ба эътибор намегиранд, яъне энергия ҳангоми деформатсия талаф намеёбад ва таъсири мутақобил дар тамоми ҷисм якбора паҳн мегардад.
Муқовимати ҷисмҳо (мас. милаҳо) ба зарба аз муқовимати онҳо ба бори статикӣ фарқ дорад. Бинобар ин, ҳангоми ҳисоби мустаҳкамии ҷузвҳои мошину иншоот муқовимати онҳоро ба зарба ба эътибор мегиранд. Зарба боиси деформатсияи ҷисмҳо мегардад, аз ин рӯ онро дар техникаи коркарди филиззот (кӯфтасозӣ, штампонӣ, сикказанӣ ва ғ.) васеъ истифода мебаранд. Дар илми физика ба ғайр аз зарбаи ҷисмҳои сахт инчунин ба ҳам бархӯрдани молекулаҳо, атомҳо ва зарраҳои бунёдиро меомӯзанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарба / Ҳ. Саъдуллозода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.