Зарбаи ҳидравликӣ
Зарбаи ҳидравликӣ (ҳидрозарба) — ҳодисаи якбора тағйир ёфтани фишор дар моеъ, ки дар натиҷаи тағйирёбии лаҳзавии суръати ҷараёни он дар лӯлаи обгузари таҳти фишорбуда ба амал меояд.
Масалан, якбора бо калид маҳкам кардан ё кушодани лӯлаи обгузар зарбаи ҳидравликиро ба вуҷуд меорад. Дар ҳолати аввал зарбаи ҳидравликиро мусбат ва дар ҳолати дуввум манфӣ меноманд. Зарбаи ҳидравликӣ дар ҳолате мусбат шумурда мешавад, ки агар дар лӯлаи обгузар ҳангоми сарфи ками моеъ фишор баланд шавад. Агар ҳангоми бисёр сарф шудани моеъ фишор паст шавад ва ҳатто барои пайдоиши хало (вакуум) шароит фароҳам ояд, зарбаи ҳидравликӣ манфӣ мебошад. Зарбаи ҳидравликии мусбат хеле хавфнок буда, ҳангоми он моеи фишурданашавандаро ҳамчун моеи фишурдашаванда баррасӣ бояд кард. Зарбаи ҳидравликӣ дар лӯлаҳо тарқиш ба вуҷуд оварда, боиси вайроншавии лӯлаҳои обгузар мешавад. Чунин зарбаи ҳидравликӣ барои насосҳо, зарфҳои зери фишор амалкунанда хеле хавфнок мебошад. Ҳодисаи зарбаи ҳидравликиро олими рус Н. Е. Жуковский ба таври миқдорӣ тавсиф додааст (1897–1899). Афзоиши фишор ҳангоми зарбаи ҳидравликӣ аз рӯи теоремаи Жуковский бо формулаи ∆р = ρ (ʋ0 – ʋ1) с муайян карда мешавад, ки ин ҷо ∆р – афзоиши фишор бо Н/м2, ρ – зичии моеъ бо кг/м2, ʋ0 ва ʋ1 – суръатҳои миёна дар лӯлаи обгузар пеш ва пас аз маҳкам кардани калид бо м/с, с – суръати паҳншавии мавҷи зарбатӣ қад-қади лӯла мебошанд. Формулаи мазкур аз қонуни бақои импулс бармеояд. Жуковский исбот кард, ки суръати паҳншавии мавҷи зарбатӣ с ба фишурдашавандагии моеъ мутаносиби роста аст. Дар ҳолати комилан сахт будани девораҳои лӯла с ба суръати садо дар моеъ а баробар мешавад (дар об а = 1400 м/с).
Зарбаи ҳидравликӣ дар газҳо ба амал намеояд, зеро газ зудфишурдашаванда мебошад. Назарияи зарбаи ҳидравликӣ, ки Жуковский онро тавсеа дод, дар соҳаи ҳидротехника, мошинсозӣ ва ғ. боиси пешрафти илму техника гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарбаи ҳидравликӣ / С. Табаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.