Зарбайн
«Зарбайн» (ар. ضربین — ҷуфти зарб, дузарб) — дар ду зарб таълиф шудани асари мусиқӣ.
«Зарбайн» дар анъанаи эҷодию иҷроии мусиқии классикии форс-тоҷик ва араб роиҷ будааст. Ҳофизону оҳангсозони тоҷик бо усули «зарбайн» асарҳои зиёд офаридаанд. Абдулқодири Гӯянда қисми таронавии «зарбайн»-ро бо усули «хафиф», нақароташро бо усули «Дуяк», бозгӯи онро ба 13 усули мусиқӣ мувофиқ карда, бо номи «Сездаҳкӯчак» асаре тасниф намудааст. «Зарбайн»-ро дар асрҳои 13-14 оҳангсозони форс-тоҷик ба таври васеъ истифода мебурданд. Бинобар тавсифи Хоҷа Абдулқодири Гӯянда дар асараш «Ҷомеъу-л-алҳон» «зарбайн» навъи жанри шеърию мусиқиест, ки дар он ду даври зарбиро бо ҳам дар як вақт иҷро мекунанд, мас., бо як даст даври «Сақили рамал» ва бо дасти дигар даври «Сақили аввал». Дар анъанаи иҷрои мусиқӣ навозандаи тавоно метавонист то чор даври зарбиро иҷро кунад. Хоҷа Абдулқодири Гӯянда ва дигар устодони мусиқӣ дар фаъолияти эҷодиашон ин амалҳои ҳунариро иҷро кардаанд. «Зарбайн» аз ду қисм иборат аст: муттаҳид ва мухталиф. «Зарбайн-и муттаҳид» он аст, ки замони даврии «зарбайн» яке заиф ё нисфи дигар мебошад. Мас., бо як даст «даври сақили рамал» ва бо дасти дигар зарб намудани «даври Рамал» аст. «зарбайн-и мухталиф» бо як даст «даври турки асл» ва бо дасти дигар зарб кардани «даври мухаммас» ё «ҳазаҷ» мебошад. Ҳоло чунин шакли шеърию мусиқӣ дар анъанаи эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик вуҷуд надорад, вале дар анъанаи эҷодии мусиқии суннатии араб то имрӯз мавриди истифодаи аҳли санъати мусиқист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарбайн / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.