Зарбат
| Зарбат | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Зарбат, ширгиёҳ, ширак (лот. Euphórbia) — ҷинси гиёҳ ё бутта; мансуби зарбатиҳо.
Пояи рост, барги забоншакл, гули зарди сабзтоб, хӯшагули сода ё чатрмонанд ва ғӯзаи сепалла дорад. Дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва муътадили дунё беш аз 2000 намуди зарбат паҳн гаштааст. Дар Тоҷикистон 29 намуди он (E. schugnanica, E. pamirica, E. sogdiana ва ғ.) дар киштзор, дашту саҳро, марғзорҳо ва нишебиҳои кӯҳ месабзад. Дар таркиби зарбат шира, қатрон ва каучук мавҷуд аст. Унсури асосии шираи зарбат эвфорбон мебошад (22 %). Он ҳамчунин шилм (38 %), гума (18 %), намакҳои минералӣ (10 %), алкалоидҳо, флавоноидҳо ва кумаринҳо дорад. Зарбат рустании доруӣ аст. Дар тибби мардумии Руссия шираи онро барои табобати озах, обила, доғи рӯй ва чун давои исҳоловар, қайовар ва рафъи саратон истифода мебаранд. Дар тибби муосир шираи зарбат-и африқоӣ (E. risinifera) истифода бурда мешавад. Он дар тибби халқии Муғулистон низ маъруф аст. Ҳамаи намудҳои зарбат шираи сафеди ширмонанди заҳрнок доранд. Аз ҳамин сабаб онҳоро чорво намехӯрад. Зарбат дар киштзор, боғот ва чарогоҳ ҳамчун алафи бегона аст. Баъзе намудҳои зарбат рустании ороишӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарбат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.