Зарбатиҳо
| Зарбатиҳо | ||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Euphorbia flanaganii | ||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
| Euphorbiaceae Juss., 1789 | ||||||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||||||
| Зерхонавода | ||||||||||||||
| ||||||||||||||
Зарбатиҳо, ширгиёҳиҳо (лот. Euphorbiaceae) — оилаи рустаниҳои гулдор.
Зарбатиҳо 300 ҷинс ва беш аз 7,5 ҳазор намуди дарахт, бутта, гиёҳҳои яксолаю бисёрсола ва рустаниҳои обиро дар бар мегиранд. Баргашон қатор-қатор ё рӯ ба рӯ, сода ё мураккаб. Гулашон гуногунҷинса, бештар бидуни гулбарг, дар хӯшагул (сиатия) ҷойгир аст; косагулашон пурра ё қисман тахфифшуда; гардбаргаашон 1-400 адад; гинетсей аз чанд мевабарги часпида ташаккул ёфтааст. Меваашон ғӯзаи селона (регма), ҳангоми хушк шудан кафида, тухмҳо пош мехӯранд.
Баъзе намудҳои зарбатиҳо меваи серравғани хӯрданбоб (мас., филантуси турш — Phyllanthus acidus) доранд. Зарбатиҳо дар минтақаҳои субтропикӣ ва тропикии Африқо, Амрикои Ҷанубӣ, қисми ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Осиё паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон 25 намуд зарбатиҳои худрӯй дучор меояд. Зарбатиҳо рустаниҳои каучукдор (гевея), қатронофар (кротон), равғандор (тунг, беданҷир), ғизоӣ (маниок), шифобахш (зарбат, секуринога), ороишӣ (кодиеуми паршакл — Codiaeum variegatum, пуансеттия — Euphorbia pulcherrima) мебошанд. Аксари З. заҳрноканд. Шираи ширмонанди онҳо пӯстро месӯзонад ва боиси бемориҳои вазнини одаму ҳайвонот мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарбатиҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.