Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбдорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарбдорӣ, ҳаракати зарбдорӣ — яке аз аввалин шаклҳои оммавитарини мусобиқаи сотсиалистии меҳнаткашони ИҶШС барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, паст шудани арзиши аслии маҳсулот, баланд бардоштани суръати меҳнат.

Зарбдорӣ миёнаи солҳои 20 асри 20 пайдо шуд. Ташаббускорони ҳаракати зарбдорӣ 8 нафар коргари заводи устохонаҳои р. о. Маскав — Қазон (июли 1926); заводиди «Красный треугольник»-и ш. Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург, сентябри 1926) буданд. Онҳо дар мамлакат аввалин шуда бригадаи зарбдорӣ ташкил карданд. Чунин бригадаҳои зарбдорӣ соли 1929 дар ҶШС Тоҷикистон низ ташкил шуданд. Ба мусобиқаи сотсиалистии зарбдорӣ аввалин шуда коргарони кони нафти «Санто» (Ҷамъияти нафтистеҳсолкунандагони Осиёи Миёна) ҳамроҳ шуданд. Баъдтар ба ин ҳаракат коллективи заводҳои пахтаи Қӯрғонтеппа ва Шаҳритуз ҳамроҳ шуданд. Зарбдорӣ дар асоси ғояи лениниии мусобиқаи сотсиалистӣ пайдо шуд ва ба баланд бардоштани фаъолияти меҳнаткашон дар шанбегиҳои коммунистӣ, ҷамъомадҳои истеҳсолӣ ва мустаҳкам кардани интизоми меҳнат ёрӣ расонд. Ҳаракати оммавии зарбдорӣ ва бригадаҳои зарбдорӣ баъди дар газетаи «Правда» (20 январи 1929) чоп шудани мақолаи В. И. Ленин «Мусобиқаро чӣ тавр бояд ташкил кард?» шакли оммавӣ гирифт. Дар охири соли 1929 Съезди 1-уми умумииттифоқии бригадаҳои зарбдор, соли 1930 слёти 1-уми осиёимиёнагии зарбдорон барпо шуд. Ҳамон вақт дар ИҶШС 300 ҳазор ва дар Тоҷикистон 205 нафар зарбдорон буданд. Дар охири соли 1932 шумораи онҳо ба 9867 нафар расид, ки ин қариб 22 дарсади ҳамаи коркунони хоҷагии қишлоқро ташкил медод. Мусобиқаи сотсиалистӣ дар байни колхозчиён, хусусан баъди Съезди 1-уми умумииттифоқии колхозчиёни пешқадам (феврали 1933) ривоҷу равнақ ёфт. Съезди 1-уми колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон (августи 1933, Душанбе) маҳз ба ҷамъбасти таҷрибаи аввалини кори колхозчиёни зарбдор бахшида шуд. Соли 1933 колхозҳои Тоҷикистон бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ нақшаи пахтасупориро 102,5 % иҷро карданд. Дар Съезди 2-юми умумииттифоқии колхозчиёни пешқадам (феврали 1935, Маскав) Устави намунавии артели хоҷагии қишлоқ тасдиқ карда шуд. Қарорҳои Съезди 2-юми умумиитифоқии колхозчиёни пешқадам дар Съезди 2-юми колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон (26 феврал — 1 марти 1936, Душанбе) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Баъди Съезди 2-юми колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон дар байни пахтачинон ҳаракати зарбдорӣ-и «садкилограммчиён» сар шуд. Ташаббускорони ҳаракати зарбдорӣ Ҳ. Обилова (н. Арал, ҳоло н. Абдураҳмони Ҷомӣ), Ӯ. Эшмирзоева (н. Шаҳринав), Х. Исроилова (н. Конибодом) ва дигарон буданд. Барои ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар инкишофи хоҷагии қишлоқ як гурӯҳ зарбдорони пешқадами Тоҷикистон бо ордену медалҳо ва нишони «Зарбдори панҷсола» мукофотонида шуданд. Мақсади асосии зарбдорӣ мунтазам баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, иҷрои нақшаҳо, ташкили хуби меҳнат, ривоҷ додани ихтироъкорӣ, аз худ намудани малакаҳои маданӣ дар истеҳсолот (такмили касбу ихтисос, муносибати эҳтиёткорона бо мошинҳо, дастгоҳу асбобҳо ва ғ.) буд. То августи 1978 шумораи умумии зарбдорон дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар буд.

Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) ва аз байн рафтани низоми хоҷагидории сотсиалистӣ ҳаракати зарбдорӣ дар тамоми собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ қатъ гардид. Ҳаракати зарбдорӣ дар ҳамон шакле, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд, ҳоло дар Куба ва ҶХХ вуҷуд дорад.

  • Очерки истории колхозного строительства в Таджикистане (1917-65 гг.). Д., 1968;
  • Из истории коллективизации сельского хозяйства и колхозного строительства в Таджикской ССР, 1926-37 гг. // Сборник документов и материалов. Д., 1973.