Зарби рақсӣ
Зарби рақсӣ — намудҳои махсуси зарб ва усули мусиқӣ, ки маъмулан, таҳти садои мавзуни он мерақсанд.
Барои иҷрои зарби рақсӣ созҳои мусиқии зарбӣ: дуҳул, чинадаул, дойра, даф, таблак, нақора, дуҳул мавқеи муҳим доранд. Дар фарҳанги мусиқии тоҷик рақсҳои қадимии «Нағорабазм», «Полкаи Хуҷанд», «Базми калон», «Қумбок», «Баробарак», «Пишпо-пишпо», «Занг», «Ларзон», «Ҷум-ҷаҳала», «Чорзарб», «Дучӯба» ва ғ. машҳуранд, ки таҳти зарби рақсӣ бо дойра, таблак, нақора ҳамчун рақсҳои анъанавӣ иҷро карда мешуданд. Дар намунаҳои сершумори мусиқии созӣ ва сурудҳои рақсии мардумӣ зарби рақсӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанги тоҷикон маъмул мебошад. Рақсҳои мардумӣ бештар зери садои оҳангҳои зарби мусиқиашон 6/8, 7/8, 2/4, 3/8 иҷро карда мешаванд ва дар маҷмӯъ ҳамбастагии зарбу оҳанг ва рақсро ифода мекунанд. Баъзе сурудҳо аз ду қисм иборатанд, ки қисми аввалро «шаҳд» (баъзан «даромад)» ва қисми дуюмро «уфар» меноманд ва дар зарбҳои 6/8, 7/8-и он рақс иҷро мегардад. Ин ҷо як навъ мубодилаи хосси зарбу усул ва тобишҳо ба амал меояд. Мусиқии рақсие низ мавҷуд аст, ки аз се ё чор қисм иборат буда, аз рӯи усули иҷрои рақс аз якдигар фарқ мекунад. Мас., намудҳои рақси бадахшонӣ, ки зарби мусиқиашон баробари 8/8 буда, таркибан аз 3/8 + 2/4 + 3/8 иборатанд. Дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон рақсҳои мардумӣ таҳти сурудхонии сарояндагон бо истифодаи зарби рақсии гуногун иҷро карда мешаванд. Дар н. Данғара оҳангҳои рақсӣ дар мусиқии 6/8 иҷро карда шуда, раққоса дар нақарот мерақсад. Дар ноҳияи Мӯъминобод рақси мардонаи «Чинӣ ва пиёла» дар зарби мусиқии 2/4 ва дар «уфар» бо зарби 6/8 иҷро карда мешавад. Дар рақсҳои занонаи «Ду дойра» ва «Баробарак» зарби мусиқӣ 6/8 буда, таҳти навозиши ду дойра иҷро мегарданд. Дойранавози якум зарби асосиро дар зарби 6/8 ва дойранавози дуввум ин зарбро бадоҳатан менавозад. Сурудҳо бо рақсҳои мардумии Қаротоғ (н. Шаҳринав): «Эй бобои пир», «Боғбон», «Абдуллоҷон», «Сайри чаман», «Бачаи қаротоғӣ» дорои зарби рақсии. муайян мебошанд. Мусиқии рақсии бадахшонӣ бо зарби рақсии 2/4, 6/8 садо медиҳад ва усулҳои гуногуни рақсӣ доранд. Рақси «Рапо» гуногуншакл буда, дар н-ҳои Бадахшон бо сабки вижа иҷро мегардад. Рақси маъруфи «Чорзарб» таҳти оҳанги такмилшудаи Акашариф Ҷӯраев, ки чор қисмро дар бар мегирад, махсус аст. Дар рафти рақс зарби рақсӣ иваз мешавад, яъне аз усули суст ва миёна ба тез гузашта, боз ба усули суст бармегардад. Бобҳои рақси «Чорзарб» бештар дар эҷодиёти созандаҳои Бухоро вомехӯранд. Рақсҳои ҳирфаии тоҷикӣ, ки бештар дар шаҳрҳои бузург маъмул буданд, асосан бо мусиқии «Шашмақом» алоқамандии зич доранд. Зери оҳангҳои гуногуни «Шашмақом» (Қашқарча, Соқинома, Уфарҳо ва ғ.) рақсҳои якка ва гурӯҳии «Синахурӯш», «Муноҷот», «Танавор» ва ғ. бо зарбҳои 2/4, 4/4, 6/8 иҷро мегарданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарби рақсӣ / Н. Қличева // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Нурҷонов Н. Олами беканори рақси тоҷик. Д., 2004;
- Ҳакимов Н. Г. Санъати мусиқӣ // Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО. Х., 2013.