Зарби электр
Зарби электр, садамаи электр — зарар дидани узву бофтаҳо аз таъсири ҷараёни электр.
Зарби электр бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ дар рӯзгор, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғ. рух медиҳад. Ҳодисаҳои табиат, мас. раъду барқ, низ метавонанд боиси зарби электр шаванд. Дараҷаи зарар аз зарби электр ба қувва, муқовамат, давомоти таъсир ва хосиятҳои физикии ҷараёни барқ вобаста аст. Хавфи ҷараёни тағйирёбандаи электр бештар аст. Бо баланд шудани муқовамат хатар меафзояд. Таъсири ҷараён ҳар қадар бардавом бошад, зарби электр ҳамон қадар вазнин мешавад. Зарби электр дар ҷисми одам ихтилоли гуногуни ҷузъӣ ва куллиро ба вуҷуд меорад. Таъсири ҷузъии зарби электр (дар ҷои расиш) аз сиёҳ гаштану сӯхтани узви зарардида иборат аст. Таъсири куллии он ихтилоли силсилаи асаби марказӣ, узвҳои нафас ва гардиши хунро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми зарби электр беҳушӣ, халали нутқ, ташаннуҷи рагҳо, қатъи нафас, дар ҳолатҳои вазнин шок мушоҳида мешавад. Зарби сахти электр шахсро ба ҳалокат мерасонад.
Дар мавриди зарби электр оҷилан ҷабрдидаро аз таъсири ҷараён озод кардан лозим аст. Барои ин калид (рубилник)-ро ҷудо ва симҳоро бурида, бо чӯби хушк дур месозанд. Агар илоҷи аз манбаи ҷараён халос кардани ҷабрдида набошад, пас ӯро ба ҷои бехатар кашида бурдан лозим аст. Эҳтиёт бояд шуд, ки даст ба ҷойҳои бараҳнаи ҷабрдида нарасад. Бинобар ин, пойафзор ва дастпӯшаки резинӣ пӯшида (ба даст латтаи хушк печондан ҳам мумкин аст), дар болои ягон чизи ғайри ноқил (мас., шишаи автомобил, тахта, латтаи хушк) меистанд ва ҷабрдидаро ҷониби худ мекашанд. То омада расидани ёрии таъҷилӣ ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расондан лозим аст. Нафасдиҳии сунъӣ (даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ) ва масҳи пӯшидаи дил (аз болои сандуқи сина) натиҷаи хуб медиҳад. Нафасдиҳии сунъиро танҳо баъди мустақил нафас кашида тавонистани ҷабрдида қатъ бояд кард. Ба замин гӯрондан ё болои ҷабрдидаро бо хок пӯшондан мумкин нест, зеро ин гуна амал метавонад сабаби марги ӯ шавад. Осебдидаро бе таъхир ба беморхона бояд бурд.
Дар мавриди кор ва таъмири асбобҳои барқӣ бояд эҳтиёт шуд. Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна фалокат, махсусан даст расондани кӯдакон дар манзили зист, аз разеткаҳои сарпӯшдор истифода кардан лозим аст. Ҳангоми раъду барқ радио ва телевизорро хомӯш бояд кард, дар бешаву саҳро зери дарахти танҳои баланд, ҷойҳои ба замин гӯршудаи барқгардон ва сари теппаҳо набояд истод.
| Қувваи электр (мА) | Аксуламали андомгон ҳангоми таъсироти ҷараёни электр ба даст |
| 0,9–1,2 | Ҳиссиёти камтаъсир |
| 1,2–1,6 | Биҷир-биҷир кардани пӯст |
| 1,6–2,8 | Таранҷиши банди даст |
| 2,8–4,5 | Бадҳаракатии бозу |
| 4,5–5,0 | Рагкашии мушакҳои бозу |
| 5,0–7,0 | Рагкашии мушакҳои китф |
| 15,0–20,15 | Даст аз манбаи электр ҷудо намешавад. |
| 20–40 | Рагкашии дардноки мушакҳои тамоми бадан |
| 50–100 | Аз кор мондани дил |
| Беш аз 200 | Сӯхтагии амиқ |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарби электр // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.