Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарби қадим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарби қадим (форсӣ: ضرب قدیم) — яке аз зарбҳои қадими мусиқии классикии форс-тоҷик.

Зарби қадим барои нақоранавозон тасниф шуда, бо номи «Усули нақорачиён» маъмул буд. Зарби қадим аз 8 зарб: 4 зарби сабук ва 4 зарби гарон (сақил) иборат аст. Сохтори зарбии он чунин аст: тан танан дира дим тан дирно дир тан дир тананӣ (танано). Дар таълифоти назарии мусиқӣ Зарби қадим ба ҳафт зарби маъмули мусиқӣ тавзеҳ ва дар анъанаи эҷодию иҷроии мусиқӣ хуб пазируфта шудааст. Бисёр устодони мусиқӣ, аз ҷумла Хоҷа Абдулқодири Гӯянда, Хоҷа Ризвоншоҳ, Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ ва дигарон бо такя ба сохтори зарбии Зарби қадим таснифоти зиёд эҷод намудаанд.