Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбулҷадид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Зарбулҷадид» (ар. ضرب الجدید — зарби нав, зарби тоза) — яке аз авзон — зарби қадимӣ дар анъанаи эҷодию иҷроии шеърию мусиқӣ. Ихтирои Хоҷа Абдулқодири Гӯянда. Ӯ ин зарбро ба маҷмӯи зарбҳои панҷгона: «Зарбулфатҳ», «Даври шоҳӣ», «Даври қумрия», «Зарбу-л-ҷадид» ва «Даври миаттайн» дохил ва муаррифӣ намудааст. Сохтори «Зарбулҷадид» аз чор нақра иборат буда, тартиби атонинаш чунин аст: тананан тананан танан танан.