Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарварақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарварақ, шмуститул — варақи алоҳидаи як ё дусаҳифагӣ, ки пеш аз сарварақ, ҳар як боб ва қисми китоб ҷойгир карда мешавад.

Маъмулан, дар зарварақ номи мухтасари китоб, баъзан фақат номи китоб ва нашриёт зикр мегардад. Баъзе зарварақҳо мувофиқи мазмуни китоб оро дода мешаванд. Дар зарварақи дохили китоб, ки дар шакли як варақи алоҳида аз тарафи саҳифаи рост, пеш аз ҳар боб ё қисми алоҳидаи китоб меояд, номи боб ё қисм, расм ё нақшҳо ҷойгир карда, пушташ, маъмулан, ҳамеша холӣ гузошта мешавад. Вобаста ба намуди нашрия зарварақ метавонад чопӣ, наққошишуда, омехта, ороишӣ ва мувофиқи мазмуни китоб бо расм ороёфта бошад. Дар гузашта дар санъати китобати форс-тоҷик бо нақшу нигор оро додани атрофи зарварақ ва дар он бо зарҳал навиштани номи китоб хеле маъмул буд. Ин анъана ҳоло низ идома дорад. Бо рушди техникаи чопӣ китобҳои ҳозира бо зарварақҳои дорои тасвир ва нақшунигори гуногун интишор меёбанд.

  • Книговедение: Энциклопедический словарь. М., 1981;
  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси. 3 ж. Тошкент, 2002.