Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заргӯшиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заргӯшиҳо
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Заргӯшиҳо (лот. Leporidae) — оилаи ширхӯрҳои қатори заргӯшшаклон.

Заргӯшиҳо 10-12 ҷинсро дар бар мегиранд, мас., заргӯшҳо, харгӯшҳои амрикоӣ (Sylvilagus, то 15 намуд), заргӯшҳои африқоӣ (Poelagus, 1 намуд), заргӯшҳои рахдор (Nesolagus, 2 намуд), заргӯшҳои қилдор (Caprolagus, 1 намуд), харгӯшҳо. Дарозии танашон аз 28 см (харгӯши бедум, Romerolagus diazi) то 51 см (заргӯши дарахтгард Pentalagus furnessi). Думашон кӯтоҳ. Гӯшҳои заргӯшиҳо нисбат ба гӯшҳои харгӯш дарозтаранд. Пашмашон зич, рангашон зарди сиёҳтоб, хокистаргун, сафеди сиёҳтоб, қаҳваранг. Чанголҳояшон қавӣ. Пойҳои ақиби заргӯшиҳо нисбат ба пойҳои пеш дарозтаранд. Маҳалли сукунати заргӯшиҳо гуногун буда, дар кӯҳҳо низ дар баландии то 4900 м дучор меоянд. Тамоми сол, хосса шомгоҳон ва шаб, фаъоланд. заргӯшиҳо ҷаҳида-ҷаҳида роҳ мераванд; ҳангоми таҳдиди хатар бо суръати то 70 км/соат медаванд. Заргӯшиҳо хонаи махсус намесозанд. Заргӯши дарахтгард дар ковокии дарахт лона бунёд мекунад. Ғизои заргӯшиҳо рустанӣ, пӯстлох, шоху навда, гоҳе решаи дарахтон аст. Бисёр намудҳои заргӯшиҳо соле чанд бор насл медиҳанд; то 2-8 бача мезоянд. Заргӯшиҳоро барои мӯина ва гӯшташон шикор мекунанд. Саршумори баъзе намудҳои заргӯшиҳо зиёд шуда, ба ҷангалдорӣ ва кишоварзӣ зарар мерасонанд. Заргӯшиҳо ғизои бисёр дарандагон мебошанд. Беш аз 50 намуди заргӯшиҳо ба «Китоби сурхи байналмилалӣ» дохил карда шудаанд. Нигар низ Харгӯшпарварӣ.