Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зардоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зардоб, чирк, рим, фасод — заҳи тирагуне, ки дар натиҷаи пӯсида вайрон шудани бофтаҳои газакгирифта ба вуҷуд меояд.

Раванди ҳосил шудани зардобро зардобкунӣ меноманд. Зардоб кардани устухон остеомиелит ном дорад. Таркиби зардоб аз «римоб» (албуминҳо, глобулинҳо, ферментҳои протеолизӣ, гликолизӣ ва липолизии ҳалшудаи микробӣ ё лейкотситӣ, холестерин, летситин ва чарбӣ дорад), детрити бофтаҳо, ҳуҷайраҳо, хосса ҳуҷайраҳои зинда ё тағйирёфта, эозинофилҳо ва амсоли онҳо иборат аст. Ранги зардоб вобаста ба пайдоиши он зард, зарди сабзгун, баъзан кабудча, сабзи баланд, хокистаранг мебошад. Дар ибтидо зардоб тунук буда, баъдан бо гузашти вақт ғализ мешавад. Зардоб дар ибтидо чандон бадбӯй нест, вале дар натиҷаи пӯсидани унсурҳои илтиҳобӣ хеле бадбӯй мешавад. Дар зардоб ҳамеша резандомгон (микроорганизмҳо) мавҷуданд ва сабаби бӯй гирифтани он низ маҳз онҳоанд. Ба пайдоиши зардоб бисёр вақт бактерияҳои фасодовар (стафилококкҳо, стрептококкҳо, гонококкҳо, менингококкҳо, қаламчамикроби рӯда ва ғ.), инчунин клостридияҳои анаэробии пӯсонанда (Cl. perfyingens, Cl. sporogenes, Cl. putrificum ва ғ.) мусоидат мекунанд. Бисёр микробҳои дигар, аз қабили салмонеллаҳо, шигеллаҳо, брутселлаҳо, пневмококкҳо, микобактерияҳо, кандидаҳо ва актиномитсетаҳо низ муҷиби пайдоиши зардоб мешаванд. Зардобро ҳатман таҳқиқи микробиологӣ кардан лозим аст. Зардоб дар ҷои пинҳон бошад, пас онро то чок кардани захм бо роҳи пунксия берун бояд овард. Бо мақсади об нашудани бактерияҳо зардобро баъди гирифтан бетаъхир таҳқиқ мекунанд;