Зардолуафшонӣ
«Зардолуафшонӣ», зардолучинӣ, зардолутаконӣ, зардолушаппонӣ — анъанаи марбут ба ҷамъоварии меваи зардолу бо усули ларзондан ё бо чӯб задани шохаҳои дарахти он.
«Зардолуафшонӣ» як навъи фаъолияти дастаҷамъии одамон буда, бештар дар зардолузор ҳангоми пухтани меваи он сурат мегирад. Дар баъзе маҳалҳо «зардолутакӣ», «зардолуаспонӣ» низ мегӯянд. Маъмулан, маъракаи «зардолуафшонӣ» бо иштироки ҳашарчиён ё коргарони кироя ва дуои мӯйсафедон ё пирзанони муътабар шурӯъ мегардад. Тартиби зардолучинӣ: ба таги дарахти зардолу чодар (чанд нафар гӯшаҳои чодарро медоранд) ё гилем партофта, шохаҳои онро бо чӯби дароз меафшонанд (меваи берун аз чодар рехтаро дастӣ чида мегиранд). Дар Ашт чодари зардолучиниро «чоршаб» мегӯянд. Зардолучинҳо меваи чидашударо вобаста ба таъйинот (барои хушккунӣ, истеъмол, консервакунӣ) ҷобаҷо мекунанд. Пас аз анҷоми «зардолуафшонӣ» соҳиби боғ ба ивази кор ба ҳашарчиён зардолу (ба кироякорон пул) медиҳад. Барои истеъмол ё фурӯш, маъмулан, зардолуро бо даст мечинанд. Анъанаи «зардолуафшонӣ» дар гузашта хеле маъмул буд. Ҳоло баробари рушди боғдорӣ, афзоиши майдонҳои боғи зардолу ва дар Тоҷикистон ба меваи содиротӣ табдил ёфтани зардолу «зардолуафшонӣ» низ густариш ёфта, аз нав моҳияти миллӣ пайдо кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардолуафшонӣ / Р. Раҳмонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.