Зардпай
Зардпай | |
![]() | |
| Номида ба шарафи | Ахилл |
|---|---|
| URL-и WordLift | data.medicalrecords.com/… |
Зардпай, нарпай, пошнаи пойи Ахилл (лот. tendo calcaneus) — қавитарин пайи бадани инсон.
Зардпай қудрати бардоштани то 350 кг борро дорад. Зардпай аз ҷойи якҷошавии саракҳои канорӣ ва мобайнии мушакҳои моҳичагӣ ва суфрашакл оғоз шуда, ба дӯнгии пошна, ҷойе ки кисаи зулолӣ (bursa tendinis) ҷойгир аст, пайваст мешавад. Зардпай пайи хеле осебёбандаи одам аст. Бемории асосии зардпай «аспсумӣ» (pes equinus) мебошад. Бисёр вақтҳо кисаи зулолӣ дар ҷойи пайвасти худ бо дӯнгии пошна газак мегирад, ки инро ахиллодиния ё ахиллобурсит меноманд. Сабаби он пӯшидани пойафзори номувофиқ ва бемориҳои гуногун (мас., бемориҳои вирусӣ, тарбод ва ғ.) мебошад. Осебпазирии зардпай пӯшида ва кушода мешавад. Осеби пӯшидаи зардпай бештар миёни варзишгарон ва ҳунармандони балет рух медиҳад. Ҳолатҳои даридан ё аз дӯнгии пошна канда шудани зардпай низ ба мушоҳида мерасад. Сабаби он таъсири зиёд ба зардпай, ҳангоми ба пилла баромадани спринтерҳо, ҷаҳидан, якбора хам кардани зону, афтидан аз баландӣ ва ғ. мебошад. Ҳамчунин аломатҳои кафидани раги хун дар қисми ақиби соқи по ва варам кардани он ҷойгоҳ ба мушоҳида мерасанд. Ҷабрдида наметавонад бо нӯги по рост истад. Ёрии аввалия ҳангоми даридани зардпай гузоштани шина ва кушода мондани панҷаи по аст. Дар ҳолати каме даридани зардпай ҷойи осебдидаро гаҷбандӣ мекунанд. Зардпай-и куллан кандашуда ҷарроҳӣ карда мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардпай // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
