Зардпарвин
Зардпарвин | |
|---|---|
| | |
| МКБ-10 | R17. |
| МКБ-9 | 782.4 |
| DiseasesDB | 7038 |
| MedlinePlus | 003243 |
| eMedicine | / |
| MeSH | D007565 |
Зардпарвин, зардча, заъфарма — алоимест, ки бо зард шудани пӯст, сафедии чашм ва луобпардаҳо падид меояд.
Сабаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабаби зардпарвин дар бофтаҳо гирд омадани билирубин аст. Нахуст сафедпардаи чашм зард мешавад. Ин ҳолат барои аз зардпарвин фарқ кардани норинҷигун шудани пӯст, ки ҳангоми бисёр истеъмол кардани маҳсулоти серкаротин (мас., сабзӣ) рух медиҳад, хеле муҳим аст. Сабаби ҳама гуна зардпарвин ихтилоли мувозана байни ҳосил ва хориҷ шудани билирубин мебошад. Вобаста ба тарзи пайдоиш зардпарвин фавқиҷигарӣ, ҷигарӣ ва таҳтиҷигарӣ, аз рӯи суръати рушд шадид ва музмин мешавад. Зардпарвини фавқиҷигарӣ дар натиҷаи аз ҳад зиёд ҳосил шудани билирубин, ки ҷигар ба хориҷ кардани он қодир нест, ба вуҷуд меояд; сабаби он қариб дар ҳама мавридҳо бисёр вайрон шудани эритротситҳо мебошад. Ҳангоми шадид будани беморӣ ранги пешоб тағйир ёфта, дар сурати музмин гаштани ҷараёни он рангпаридагии пӯст ва луобпардаҳо ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои зардпарвини ҷигарзод ихтилоли мубодилаи билирубин бинобар нақси ирсӣ, аз ҳуҷайраҳои осебёфтаи ҷигар ба хун гузаштани билирубин (ҳангоми ҳепатит, сиррози ҷигар), дар натиҷаи табоҳшавии маҷроҳои хурди талха (ҳангоми бемориҳои ҷигар ва талхароҳаҳои даруни он) аз ҷигар хориҷ шуда натавонистани билирубин ва ғ. мебошанд. Зардпарвини таҳтиҷигарӣ дар натиҷаи маҷроҳои калони талхаро бастани санг ё омос падид меояд. Нишонаи хосси он сафедгуна шудани наҷосат ва ранги тира пайдо кардани пешоб аст. Зардпарвине, ки ба тозагӣ пайдо шудааст, ҳамеша бояд мавриди муоина қарор гирад, зеро сабаби он дар бисёр мавридҳо бемориҳои шадид ё музмини ҷигар, талхароҳа ё силсилаи хунзо мебошанд. Зардпарвин дар натиҷаи муоинаи бемор, таҳлилҳои болинию биокимиёии хун ва ҳолати маҷроҳои талха ташхис карда мешавад. Баробари ба мушоҳида расидани аломатҳои аввалини зардпарвин ба табиб муроҷиат кардан зарур аст. Гирифторони зардпарвини вирусзоди ҷигар барои атрофиён хавфнок мебошанд. Бисёр вақтҳо навзодон (дар 2-3-рӯзагӣ) аз сабаби номураттабии фаъолияти ҷигар ба зардпарвини «физиологӣ» гирифтор мешаванд. Он пас аз 1-2 ҳафта худ нобуд мешавад. Дар сурати номувофиқ будани хуни модару кӯдак дар навзодҳо бемории хунобӣ падид меояд. Зардпарвин баъзан дар давраи токсикози ҳомилагии занҳо низ ба мушоҳида мерасад. Муолиҷаи зардпарвин ба сабабҳои падидоварандаи он вобаста аст. Бештар доруҳое тавсия дода мешаванд, ки билирубини зиёдатии хунро бартараф мекунанд. Маъмулан, зардпарвинро бо усули рӯшноидармонӣ муолиҷа мекунанд, чунки зери таъсири нурҳои фаробунафш билирубин вайрон мешавад. Таркиби дурусти ғизо низ аз шартҳои асосии табобати зардпарвин аст. Хӯрок бояд мулоим ва барои ҷигару талхадон мувофиқ бошад (мас., маҳсулоти ширии камравған, сабзавот, гӯшт, моҳии беравған ва ғ.).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардпарвин // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Рудакова Л. Е., Рахматуллоев Ф. К., Бондаренко Л. А. Учебно-методические рекомендации «Желтухи». Пенза, 2008.