Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зардсеби тирамоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зардсеби тирамоҳӣ — як навъ себи маҳаллӣ. Дарахташ миёнақад, ҳирамшакл.

Навдаҳои наваш сабзи қаҳвагун. Баргаш калони нӯгтез. Гулаш сафеди гулобиранг. Мевааш калон (162 г), махрутшакл. Пӯсташ нафис, сабзи зардгун, тарафи офтобрасаш тилоранг. Дилаи мевааш зарди сафедтоб, сершира ва хуштамъ. Дар таркибаш 18 % моддаҳои хушк, 13,7 % қанд, 0,65 % ҷавҳар ва 7,9 мг % (дар 100 г) витамини С мавҷуд аст. Ҳосилашро охирҳои август меғундоранд. Зардсеби тирамоҳиро бештар дар ноҳияҳои Ҳисору Файзобод ва Ваҳдат мепарваранд.

  • Назиров Х. Н. Местные сорта яблони Таджикистана. Д., 2011.