Зардчӯба (авлод)
| Зардчӯба | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Авлод: Зардчӯба |
|||
| Номи илмӣ | |||
|
Curcuma L., 1753 |
|||
| |||
Зардчӯба (лот. Curcuma) — авлоди гиёҳҳои бисёрсола, мансуби занҷабилиҳо.
Баландиаш 0,5-3 м. Решааш ғафси лӯндашакл. Баргаш нештаршакл ё дарозрӯя. Гулаш дуҷинса, гуногунранг, сеузва, дар нӯги хӯшагул ҷойгир аст. Самараш — ғӯза. Ҳамаи узвҳои зарчӯба равғани эфир доранд.
Гунаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Беш аз 45 гунаи зарчӯба дар ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё паҳн шудааст. Дар кишварҳои тропикӣ зарчӯбаи хонагӣ ё турмерик (C. longa, C. domestica)-ро чун гиёҳи хушбуй, доруӣ ва рангдор парвариш мекунанд.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ақидаи табибони мардумӣ, зардчӯбаи хонагиро (лот. Curcuma longa)-ро каме бирён карда, нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Аз решаи зарчӯба ранги зард (куркумин) мегиранд, ки барои рангубор кардани абрешим, мӯина, пахта, инчунин маҳсулоти қаннодӣ, равған, панир ва ғ. истифода мешавад. Хокаи задвор (лот. Curcuma zedoaria)-ро барои зардранг шудан ба палов меандозанд. Аз C. angustifolia нашоста ба даст меоранд, C. caesia дар атриёт низ истифода мешавад. Дар тибби мардумии тоҷик пеш бисёр истифода мешуд. Ҳоло камтар шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардчӯба // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.