Зариб
Намуди зоҳирӣ
Зариб, коэффитсиент — зарбкунандаи ададӣ дар ифодаҳои ҳарфӣ, зарбкунандаи маълуми назди ин ё он дараҷаи номаълум ё зарбкунандаи доимии назди бузургии тағйирёбанда.
Масалан, дар якузваи 7a³b⁵ зариб 7 мебошад; дар муодилаи x² + 3в x −4 = 0 зариби назди x² ба 1, зариби назди х ба 3 в баробар аст. Дар формулаи дарозии давра L = 2 πr З. 2π мебошад (r — радиуси давра). Бисёр зарибҳои формулаҳое, ки қонунҳои физикаро шарҳ медиҳанд, номҳои алоҳида доранд. Масалан, Зариби дурахшонӣ, Зариби амали муфид ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зариб / М. Хоҷабекова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.