Зариби гузаронандагӣ
Намуди зоҳир
Зариби гузаронандагӣ, τ, — нисбати сели афканишоти аз ин ё он муҳит гузашта (Фг) бар сели афканишоти ба сатҳи он афтанда (Фо), яъне τ = Фг/ Фо.
Бузургии зариби гузаронандагии ҷисм ҳам ба андоза, шакл ва ҳолати сатҳи ҷисм ва ҳам ба кунҷи афтиш, таркиби тайфӣ (спектрӣ) ва қутбиш (поляризатсия)-и афканишот вобаста аст. Зариби гузаронандагии самтнок (муҳити афканишоти ба он афтандаро пароканда намекунад), диффузионӣ (ҳангоми саросар пароканда шудани афканишоти ба муҳит афтанда) ва омехта (дар мавриди аз тарафи муҳит қисман пароканда шудани афканишот)-ро фарқ мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зариби гузаронандагӣ / С. Табаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.