Зариби инъикос
Зариби инъикос — бузургии физикии беандоза, ки қобилияти ҷисмро барои инъикос кардани афканишоти ба он афтанда тавсиф медиҳад.
Бо ҳарфи юнонии ρ ё лотинии ишорат мешавад. Миқдоран зариби инъикос ба нисбати сели афканишоти аз ҷисм инъикосшуда (Фи) бар сели афканишоти ба сатҳи он ҷисм афтанда (Фо) баробар аст: ρ = Фи/ Фо. Зариби инъикос аз ҳосили ҷамъи зарибҳои инъикоси оинавӣ ва инъикоси диффузӣ таркиб меёбад. Байни зариби инъикос, зариби гузаронандагӣ (τ) ва зариби фурӯбурд (α) алоқамандии зерин вуҷуд дорад: ρ =1 – τ – α. Яъне ҳосили чамъи зариби инъикос ва зарибҳои гузаронандагӣ ва фурӯбурд ба 1 баробар мебошад. Ин тасдиқот аз қонуни бақои энергия бармеояд. Барои радиомавҷҳо нисбати амплитудаҳои мавҷҳои инъикосшуда ва афтандаро зариби инъикос (саҳеҳтараш зариби инъикос-и амплитудавӣ) меноманд. Дар ҳолати умумӣ зариби инъикос ба хусусиятҳои худи ҷисм, инчунин кунҷи афтиши афканишот, таркиби тайфӣ (спектрӣ) ва қутбиши афканишот вобаста аст. Дар натиҷаи вобастагии зариби инъикоси сатҳи ҷисм ба дарозии мавҷи афканишоти ба он афтанда ҷисм ба чашм бо ин ё он ранг намудор мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зариби инъикос / С.Табаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.