Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зариби соиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зариби соиш — тавсифи миқдории қуввае, ки барои лағжидан ё ҳаракат кардани як ҷисм аз болои ҷисми дигар зарур аст.

Зариби соишро вобаста ба намуди ҷойивазкунии як ҷисм аз болои ҷисми дигар аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Агар вазни ҷисмро бо N ва зариби соишро бо m ифода кунем, пас қувваи Fс,, ки барои ҳаракати бешитоб дар сатҳи ҳамвор зарур аст, ба Fс = mN баробар мешавад. Аз ин ҷо m = Fс /N. Fс ҳамеша аз N хурд аст, бинобар ин m аз 1 хурд мебошад. Зариби соиши ором қувваеро муайян мекунад, ки барои оғози ҳаракат зарур аст; бо зариби соиши кинетикӣ (соиш, ҳаракат) қувваи хурдтарин, ки ҳаракатро дастгирӣ мекунад, ҳисоб карда мешавад. Зариби соиш ба табиати ҷисмҳои соишхӯранда, ҳолати онҳо, тозагии коркарди сатҳ ва суръати ҳаракати онҳо вобаста аст, аммо хурду бузург будани ҷисмҳо ва каму зиёд будани масоҳати сатҳи онҳо ба қимати зариби соиш таъсир намекунад.

Зариби соиши лағзиши баъзе моддаҳо:

  • нуқра аз болои нуқра — 0,20;
  • оҳан аз болои оҳан — 0,14;
  • оҳан аз болои чӯян — 0,18.

Вобаста ба бузургии қувваҳои тангенсиалӣ чунин намудҳои зариби соишро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: зариби соиши лағжиши нопурра, зариби соиши ором ва зариби соиши лағжиш. Ҳамаи намудҳои зариби соиш метавонанд дар ҳудудҳои васеъ вобаста ба сатҳҳои ба ҳам расанда (мавҷӣ ва дурушт), хусусияти қабати рӯйпӯши сатҳҳо тағйир ёбанд. Қувваи соиш хусусиятҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Агар зариби соиши чархи мошинро дар мумфарши тар ё хушк муқоиса кунем, дар мумфарши тар назар ба мумфарши хушк ҳамон як чархи мошин қувваи соиши 2 (ду) баробар камтар дорад. Агар қувваи соиш намебуд, ҳангоми қадамзанӣ озодона роҳ рафта наметавонистем ва мисли ҳаракати рӯи ях мелағжидем. Зариби соиш бузургии беандоза мебошад.