Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зариби тағйирот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зариби вариатсионӣ (лот. variatio — тағйирёбӣ) — нисбати тамоюли квадратӣ (меъёр) бар қимати миёна. Дар омори вариатсионӣ фарқи ин ё он ададҳои мусбати х1,…,хn-ро аз қимати миёнаи арифметикиашон = (x1 + … + xn)/n бо тамоюли квадратии миёна

S = √[( (x₁ − x̄)² + (x₂ − x̄)² + … + (xₙ − x̄)² ) / n]

тавсиф медиҳанд. Тавсифи нисбии чунин «парокандагӣ» бо зариби тағйироти s/х шарҳ дода мешавад. Дар назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ зариби тағйироти бузургии тасодуфии мусбати Х чун нисбати δ/a (δ2 = EX = E(Xa)² — дисперсия, а — омади математикӣ) муайян карда мешавад. Зариби тағйироти ин намудро К. Пирсон дар шакли дигар V =100 σ/a пешниҳод карда буд. Агар Х натиҷаи андозагирии ягон адади номаълуми доимии а = ЕХ бошад, он гоҳ зариби тағйирот тавсифи табиии иштибоҳи нисбии андозагириро ифода мекунад. Зариби тағйирот нисбат ба ченаки муқаррарии парокандагӣ — σ бузургии беандоза мебошад.