Зарибҳои Эйнштейн
Намуди зоҳирӣ
Зарибҳои Эйнштейн — тавсифи эҳтимолияти гузаришҳои квантии нурафкан.
Зарибҳои Эйнштейнро бори аввал соли 1916 олими олмонӣ Алберт Эйнштейн ба илм ворид намудааст; ҳамзамон ӯ бори нахуст ақидаи мавҷуд будани афканишоти маҷбуриро ба миён гузошт. Эҳтимолияти афканиши худ ба худ (спонтанӣ), фурӯбарӣ ва афканиши маҷбурӣ мувофиқан зарибҳои Aki, Bik ва Bki (шохисҳо, яъне индексҳо самти гузариши байни савияҳои болоӣ Ек ва поинии Ei энергияро нишон медиҳанд)-ро ифода мекунад. Таносубҳои байни зарибҳои Эйнштейнро бори аввал Эйнштейн ҳангоми исбот кардани Қонуни афканишоти Планк ошкор кардааст (нигар Шуоъафкании гармоӣ).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарибҳои Эйнштейн // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Эйнштейн А. Испускание и поглощение излучения по квантовой теории. М., 1966.