Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заризак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заризак — навъи ноки маҳаллии тирамоҳӣ.

Асосан дар ноҳияи Шуғнон ва қисман дар Рӯшон парвариш меёбад. Дарахташ зудсабз, то 12-15 м қад мекашад. Барги сабзи дарози байзашакл (дарозиаш 5-9 см, паҳниаш 5 см) дорад. Мевааш зард ё сабзи равшан (47-150 г), дилааш сафед, сероби ширин, тухмаш хурд. Давраи нашваш 165 рӯз. Ниҳоли заризак соли 4-5-уми шинондан самар меорад. Аз ҳар дарахт 150—350 кг ҳосил мегиранд. Ба сармо ва хушкӣ тобовар аст.