Зарина
Зарина | |
|---|---|
| Кишвар | |
Зарина (сак. zarnya, юн. Zarinaíā; форсӣ: زرینه) — маликаи сакоиҳо, ҳамсари шоҳ Кидрӣ.
Баъди вафоти шавҳараш бо Мармар ном ҳокими вил. Порт хонадор шуда, ҳамчун ҳокими мутлақи сакоиҳо корнамоиҳои бисёр кард: қабилаҳои ҷангҷӯи ҳамсояро тобеъ кард; ба сакоиҳо кишту кор омӯхт; шаҳрҳо бино кард. Пойтахти Зарина шаҳри Рухшонак буд. Баъди фавти шоҳ Артей Зарина дар муборизаи зидди модҳо ғолиб омада, онҳоро ба пардохти товони ҷанг маҷбур кард. Пас аз фавти Зарина сакоиҳо бо нишони эҳтиром дар сари қабри ӯ ҳирам сохта, болои он муҷассамаи тилоии маликаро насб карданд (ин аввалин маълумоти маъхазҳои таърихӣ дар бораи қабрҳои сакоиҳост). Маълумот дар бораи Зарина танҳо дар осори Ктесий боқӣ мондааст. Ктесий бар асоси нақлу ривоятҳои машҳури модҳою сакоиҳо дар бораи Зарина устурае офаридааст, ки мазмуни асосии он ба воқеаҳои таърихии асри 7 то м. нисбат дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарина / Ю. Яъқубов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Пьянков И. В. Средняя Азия в известиях античного историка Ктесия. Д., 1975.