Зарина Қурбонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Зарина Қурбонова
Зарина Ширинбековна Қурбонова
Санаи таваллуд:

10 октябр 1975(1975-10-10) (43 сол)

Зодгоҳ:

Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко


Зарина Ширинбековна Қурбонова (тав. 10.10.1975, ш. Ваҳдат), омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1993–1997 дар шӯъбаи педагогика ва психологияи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1997–2000 аспиранти назди кафедраи тарбияи томактабии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 2000 ҳамчун муаллим дар кафедраи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Оид ба ташаккулёбии донишҳои экологии кӯдакони синни томактабӣ дар кӯдакистонҳо кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Осор[вироиш]

  • Ташаккулёбии донишҳои экологии кӯдакон (Дастури таълимӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ), Д., 2004;
  • Адабиёти бадеӣ воситаи тарбияи экологии хурдсолон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2000, №4;
  • Нақши мураббия дар тарбияи экологии кӯдакон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2000, №6.


Пайвандҳои беруна[вироиш]