Зарир
Зарир | |
|---|---|
| Падар | Луҳросп |
Зарир (форсӣ: زریر), Зайривайрӣ — ҷанговари далер ва сипаҳбади эронӣ, писари Луҳросп ва бародари Гуштосп.
Дар Авсесто
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин ном дар Авесто Зайривайри омадааст, ки ба маънии зарринҷавшан аст[1]. Мувофиқи ривоятҳои Авесто Зарир шахси хоксору парҳезгор аст. Дар «Обоняшт»-и Авесто омадааст: «Зарир размкунон бар пушти асп бар каронаи оби Даитйа сад аспу ҳазор гову даҳ ҳазор гӯсфанд ӯро [Аредвисура Аноҳита] пешкаш овард... Ва аз вай хостор шуд: «Эй Аредвисура Аноҳита! Эй нек! Эй тавонотарин! Маро ин комёбӣ арзонӣ дор, ки ман дар кор зери ҷаҳон бар Ҳумайакаи девпарасти гушудачангол, ки дар ҳашт хона ба сар мебарад ва бар Арҷоспи дурванд пирӯз шавам. Аредвисура Аноҳита, ки ҳамеша хостори заурниёзкунанда ва ба оин пешкашшавандаро комраво кунад, ӯро комёбӣ бахшид».
Дар дигар китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз набардҳои Зарир барои кишвараш Эрон ва густариши оини маздаясно дар номаи паҳлавии «Ёдгори Зарирон» сухан рафтааст. Баъдан, корномаи Зарир дар осори таърихӣ (махсусан «Таърихи Табарӣ» ва тарҷумаи форсии он, ки бо номи «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ» ё «Таърихи Балъамӣ» машҳур аст, инъикос ёфт.
Дар Шоҳнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулқосими Фирдавсӣ дар тасвири корнамоиҳои Зарир аз ҳазор байти Дақиқӣ, ки дар бораи Гуштосп ва замони ҳукмронии ӯ суруда буд, истифода кардааст (Асари Дақиқиро муҳаққиқон «Гуштоспнома» гуфтаанд). Дар «Гуштоспнома» – «Шоҳнома» Зарир – писари Лӯҳросп дар чанде аз лаҳзаҳо – аз раҳ баргардонидани бародараш Гуштосп, ки мехост аз Кобул ба Ҳиндустон биравад, овардани Гуштосп аз Рум ва набардҳояш бо Арҷосп амал менамояд. Зарир дар набард бо Арҷосп паҳлавониву қаҳрамонӣ нишон дод, аммо аз дасти Бидрафш (Бедирафш)-и ҷоду – яке аз сипаҳбадони Арҷосп на дар ҷанги рӯбарӯ, балки пинҳонӣ кушта шуд.
Писари хурдсоли Зарир – Настур (дар «Ёдгори Зарирон» ва баъзе нусхаҳои «Шоҳнома» бо Баставр омадааст) бо ёрии Ис-фандёр ва сипаҳбад Гиромикард Бидрафшро кушт ва барои марги падараш интиқом гирифт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ مهرداد بهار، پژوهشی در اساطیر ایران، پاره نخست، رویهٔ ۲۷۳، ISBN 964-329-009-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарир / Г. Саъдиева // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.


