Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарифӣ (деҳа, н. Рашт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зарифӣ)
Деҳа
Зарифӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Тагоба
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 436 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Зарифӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт. Аз деҳаи Зарифӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 436 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, чойхона ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз оби дараи Хиштирок обёрӣ мешаванд.