Заркак
| Заркак | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Glaucium}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Glaucium-ро муайян кунад.
Гуна: Заркак |
||||||
| Номи илмӣ | ||||||
| ||||||
Заркак, момоқаймоқ, чилғӯза, қаймоқинак (лот. Glaucium fimbrilligerum) — рустании дусола, 8–65 см қад мекашад.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершох. Баргҳои рӯизаминиаш пармонанд, баргҳои пояаш майдаи байзашакл. Гулаш зард, норанҷии равшан. Ғилофакаш рост ё камончашакли ғафс, дарозаркак Май – июн гул карда, июн – август тухм мебандад. Заркак дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар воҳаи рӯди Сир, қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ (дар баландии 800–2500 м аз с. б.) мерӯяд.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Заркак гиёҳи доруист. Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон табибони мардумӣ кӯфтаи дони бирёнкардаи онро чун давои нерубахш ба занҳои зача (навзоида) медиҳанд. Равғани заркак низ давобахш аст. Ҷӯшобаи гулу барги заркак барои касе, ки нав аз беморӣ хестааст, муфид мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди заркак боиси қай ва хоболудӣ мегардад. Тухми заркак исҳол меорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заркак // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Ковалева Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф. Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.
- Википедия:Мақолаҳои биологӣ бо шаблони таксономии намерасида
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Статьи без ссылки на Викивиды
- Биологические статьи без ITIS
- Биологические статьи без EOL
- Биологические статьи, где отсутствует перенаправление с латинского названия таксона