Заркамар (деҳа, н. Восеъ)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Заркамар | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Восеъ |
| Ҷамоат | Деҳоти Миралиобод |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 3751 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3311 |
| Нишонаи почта | 735140 |
|
|
|
Заркамар — деҳа дар ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ. Аз Заркамар то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 20 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 3751 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1936 бунёд шудааст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Арал таҳсил мекунанд. Деҳа бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 8 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз рӯди Сурхоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 20 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва корхонаи хурди нассоҷӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заркамар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2