Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарметанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зарметани)

Зарметанӣ — навъе аз харбуза.

Бештар дар вилояти Самарқанд мепарваранд. Давраи нашваш 70-75 рӯз. З. байзашакл (дарозиаш 21-26 см, вазнаш 4-5 кг) буда, пӯсташ сахт ва суфтаи тӯрдор аст. Рангаш сафеди зардтоб ё зарди сабзча, рахҳои беранги ҷигарӣ ва сурхи дорчинӣ дорад. Мағзаш ғафс (5-6 см), сафеди зардранг, каме нахдори мулоим, ширин, хуштаъм ва хушбӯй. Дар таркибаш 7,7-8,4 % қанд ва 9,1-11,8 % моддаҳои хушк мавҷуд аст. Тухмаш паҳни калон, зардранг. Аз ҳар га 180—220 сентнер ҳосил мегиранд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест. Ба камобӣ ва касалиҳо тобовар аст.

  • Дыни Узбекистана. Ташкент. 1962;
  • Файзиев Ҳ. Дастури полизкор. Д., 1987.