Зарнисор (деҳа, н. Ҷайҳун)
| Деҳа | |
Зарнисор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Ҷайҳун |
| Ҷамоат | Шаҳраки Дӯстӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2147 тан (2016) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3249 |
Зарнисор (то 28.2.2013 Геран) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун. Аз деҳа то маркази ноҳия 4 км, то маркази вилоят (шаҳри Бохтар) 60 км. Аҳолиаш 2147 нафар (2016), тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1938 бунёд шуда, қисми зиёди аҳолиаш украинҳо, олмониҳо ва русҳо буданд. Аз соли 1949, баъди заминларзаи Ҳоит, мардуми водии Рашт ба ин минтақа кӯчиданд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони шӯравӣ дар ин деҳа заводи «Геран» ва дар назди он совхзи анҷибарпарварӣ мавҷуд буд, ки дар майдони 700 га анҷибар парвариш карда мешуд ва маҳсулоти хоми он барои истеҳсоли атриёт ба ҷумҳуриҳои Русия, Чехословакия (ҳоло Чехия ва Словакия), Литва, Латвия, Эстония ва Фаронса содир мегардид.
Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, китобхона, клуб, чойхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, лимупарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 62 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарнисор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2