Зарованд
| Зарованд | ||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
| Aristolochia L. | ||||||||||||||
| ||||||||||||||
Зарованд, ё аристоло́хия (лот. Aristolóchia) — ҷинси гиёҳ ва рустаниҳои печанда; мансуби заровандиҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Беш аз 480 намуди зарованд маълум аст. Баргаш сода, паиҳам, дилшакл. Гулаш найчамонанд, дар хушагулҳои кӯтоҳ, дар бағали гулҳо ҷой гирифтааст. Ғӯзааш лӯнда ё нокшакл. Зарованд дар минтақаҳои тропикӣ (Амрико, Африқо, Осиё) ва муътадил (қисми аврупоии Русия, Қафқози Шимолӣ, Шарқи Дур) дучор меояд. Дар Тоҷикистон 5 намуди заровандро аз соли 1940 парвариш мекунанд. 3 намуди он (A. clematitis, A. contora A. manschuriensis) ба шароити водии Ҳисор мутобиқ шудааст. Зарованди муқаррарӣ (A. clematitis) пояи печанда (баландиаш 50-90 см) ва камшохи сабзранг дорад. Баргаш гирд ё байзашакл (дарозиаш то 10 см). Охирҳои май — июн гул мекунад; гулаш зарди рӯшан. Ғӯзааш сертухм. Зарованди печон (A. contorta) то 1 м дароз мешавад. Решааш хурд, зардранг, бӯи тез дорад. Пояаш пурпечутоб, ҳангоми даст расондан бӯи нохуш мебарорад. Баргаш рӯбарӯ, дарозиаш 3-10 см. Моҳҳои июл — август гул мекунад. Дар таркиби ғӯзаи зарованд равғани эфир, гликозиди аристолон, магнофлорин ва ғ. мавҷуд аст. Дар тибби мардумии Хитой ҷӯшобаи меваи онро барои илоҷи бемориҳои саратон, бронхит, исҳол, захми меъда ва ҳамчун воситаи табфурору позаҳр истифода мебаранд. Зарованди манҷурӣ (А. manshuriensis) рустании ороишӣ аст. Пояаш то 15 м қад мекашад. Гулаш сурхи ҷигарӣ (аз моҳи июн то ду ҳафта гул мекунад). Ватани аслиаш шимолу шарқии Хитой ва Корея. Зарованд рустании заҳрнок мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарованд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.