Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заровандиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заровандиҳо
Зарованди калон
Зарованди калон
Таснифи илмӣ
Салтанат:
Тартиб:
Оила:
Заровандиҳо
Номи илмӣ
Aristolochiaceae
Juss., 1789
Ҳаммаъно

Заровандиҳо (лот. Aristolochiaceae) — оилаи рустаниҳои гулдори дупалла мебошанд.

Тавсифоти ботаникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Заровандиҳо 8 авлод ва тақрибан 480 намуди гиёҳ, бутта ва баъзан дарахтонро дар бар гирифта, бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудаанд. Бисёр заровандиҳо бӯи хосса доранд, зеро дар таркиби онҳо равғани эфир мавҷуд аст. Баргашон яклухти пайиҳам ҷойгирифтаи бе наздбарга аст. Гулашон дуҷинса, баъзан калон (қутраш то 30 см)-и бадбӯй (гоҳо бӯи лоша мекунад); косагулашон сеузва, баъзан дучанда (намудҳои ҷинси Saruma, ки дар Чин мерӯянд), бештар рангобаранг; гардбаргаашон (6 адад) озод ё ба пояча часпида (гиностемияҳо); ғӯракашон поёнӣ, аз 4-6 лона иборат аст. Ба заровандиҳо дихогамия хос аст. Гули онҳо тавассути дуболаҳо гардолуд мешавад. Ин раванди хеле мураккаб аст. Пашшаҳои интиқолдиҳандаи гард ба қисми васеи косагул, ки гиностемия ҷой гирифтааст, ворид шуда, дар патҳои найчаи он дармемонанд; баъди гардолуд шудан, гул пажмурда ва пашша озод шуда, ҷониби гули дигар парвоз мекунад. Заровандиҳо ғӯзамева доранд. Тухми онҳо дорои эндоспермаи калон бо ҷанини хурд буда, баъзан ба воситаи мӯрчаҳо паҳн мегардад. Аксари заровандиҳо рустаниҳои доруӣ буда, дар тибби мардумӣ истифода мешаванд. Заровандиҳоро чун рустании ороишӣ низ парвариш мекунанд.

Ин оила аз се зероила иборат аст,[1] ки ба он ин авлодҳо дохил мешаванд[2]:

  • Asaroideae Kostel. (1833)
    • AsarumАсорун (иборат аз 121 намуд,[3] ки асосан дар минтақаҳои мӯътадили нимкураи шимолӣ паҳн шудаанд)
    • Saruma (1 вид, Юго-Западный Китай),
  • Aristolochioideae Link (1829) Кирказоновые — роды распространены в первую очередь в тропиках
    • Aristolochia Кирказон (иборат аз 485 намуд[4])
    • Euglypha Эвглифа (иборат аз 1 намуд, ки танҳо дар Парагвай дида мешавад)
    • Heterotropa (иборат аз 2 намуд)
    • Hexastylis (иборат аз 1 намуд)
    • Pararistolochia (иборат аз 10 намуд)
    • Thottea (иборат аз 3 намуд)
  • Hydnoroideae Walp. (1852)
    • Hydnora Thunb. (иборат аз 7 намуд)
    • Prosopanche de Bary (иборат аз 7 намуд)

Бисёре аз намояндагони авлоди зарованд (лот. Aristolochia) ва баъзе намудҳои асорун (лот. Asarum) бинобар кислотаи аристолохӣ ва алкалоидҳои таркиби худ заҳрнок мебошанд. Ин моддаи заҳрнок, барои дур кардани ҷонварони чаранда ҷудо карда мешавад.

Шапалакҳои фароштурукдуми кабуд (лот. Pipevine swallowtail) рӯи гиёҳҳои зарованд тухм мегузоранд. Кирмакҳояш ин гиёҳро хӯрад ҳам, токсини он ба кирмак зарар намерасонад. Баракс, ин заҳр дар баданашон ҷамъ шуда, баъдтар ба шапалаки болиғ аз душманон муҳофизат фароҳам меорад.

  • Тимонова А. К., Сидорова И. И. Ботаника. М., 2007.
  1. Aristolochiaceae // The Families and Genera of Vasclar Plants. — Vol. 2. — P. 129—137.
  2. Genera in Aristolochiaceae(англ.). The Plant List (2013). Version 1.1. Published on the Internet; http://www.theplantlist.org/. Royal Botanic Gardens, Kew and Missouri Botanical Garden (2013).
  3. Asarum Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2017  сол. v
  4. Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2017  сол. v