Зарра
Зарра — истилоҳи соҳаҳои гуногун, дар физика бештар барои ишорат кардани объектҳое, ки онҳоро дар раванди таҳқиқот тақсимнашаванда ва нуқтавӣ номидан мумкин аст, истифода мешавад.
Мафҳуми зарра зарраҳои бунёдиро дар бар мегирад, вале бо онҳо маҳдуд намешавад. Дар механикаи оморӣ системаи термодинамикиро аз зарраҳо таркибёфта меҳисобанд. Ин зарраҳо метавонанд электронҳо, атомҳо, ионҳо, инчунин молекулаҳо бошанд. Истилоҳи ба ҳамин шабеҳ дар физикаи атом ва механикаи квантӣ низ истифода мешавад, вале дар механикаи классикӣ, асосан, истилоҳи нуқтаи материалиро ба кор мебаранд. Ҳиссаҳои хурди як модда дар дохили моддаи дигарро низ, бахусус ҳангоми баррасии пароканиши рӯшноӣ, зарра меноманд.
Дар саноати кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан зарра реза ё пораи алоҳидаи маъдан ё дигар унсури он мебошад, ки ба қонунмандии заррачаҳои ба он монанд тобеъ буда, дар раванди тақсимот (ғанисозӣ), беобкунӣ (деҳидратсия), аз чанг тозакунӣ андоза, зичӣ ва шакли ба худ мувофиқро мегирад. Зарраҳои коллоидӣ — зарраҳои фазаи дисперсии андозаашон аз 1 то 500 нм мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарра // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.