Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарраҳои малеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарраҳои малеҳ — оилаи адронҳо ва кваркҳое, ки соҳиби адади квантии «малоҳат» мебошанд.

Хусусиятҳои зарраҳои малеҳро ба осонӣ дарк кардан мумкин аст, агар мавҷудияти кварки нав – кварки малеҳ – с-кваркро ба заряди электрӣ ташбеҳ диҳем (с – ҳарфи аввали калимаи анг. charm – малоҳат). Он гоҳ «малоҳат» ба фарқи ададҳои с-кваркҳо ва антикваркҳое баробар мешавад, ки аз онҳо адронҳо таркиб ёфтаанд (с-кварк ба оилаи кваркҳои вазнин мансуб аст). Ин аз он бармеояд, ки зарраҳои малеҳ нисбат ба П- ва К-мезонҳо, ки аз кваркҳо ва антикваркҳои ғайрималеҳ таркиб ёфтаанд, хеле вазнинтаранд. Мезонҳои сабуктарини малеҳ бо D ва F ишора карда мешаванд.

Массаи ин мезонҳо чунин аст:

m(D0) = 1863,3 МэВ, m(D*0) = 2006,0 МэВ, m(D+) = 1868,4 МэВ, m(D*+) = 2008,6 МэВ, m(F) = 2039 МэВ, m(F*) = 2140,0 МэВ, m(D+) – m(D0) = 5,0 МэВ, m(D*+) – m(D*0) = 2,6 МэВ

Зарраҳои малеҳ танҳо тавассути таъсири мутақобили суст ба адронҳои одӣ коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, D ва F-мезонҳо ба таъсири мутақобили зӯр ва электромагнитӣ устуворанд. Мезонҳои малеҳи ангехта тавассути таъсири мутақобили зӯр ё электромагнитӣ, ки дар онҳо қонуни бақои малоҳат вайрон намешавад, ба зудӣ коҳиш меёбанд. Баъзе роҳҳои коҳиши мушоҳадашудаи мезонҳои малеҳ: D → K + π, D → μ + νμ + X, F → η + X, D* → D + π, D* → D + γ (X – маҷмӯи зарраҳои боқимондаи дар раванди коҳиш тавлидшуда). Умри мезонҳо ба ададҳои зерин баробаранд: τ(D±) = 8·10–13c, τ(F) = 3·10–13 c, τ

Кашфи зарраҳои малеҳ пирӯзии назарияи зарраҳои бунёдӣ, бахусус тамсила (модел)-и кваркии онҳо буд. Таснифи кваркҳо, дарк кардани тайфи онҳо яке аз муаммоҳои асосии назарияи мазкур ҳисоб ёфта, кашфи зарраҳои малеҳ яке аз далелҳои таҷрибавии собит кардани мавҷудияти як қатор тайфи кваркҳо мебошад.