Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарраҳои маҷозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарраҳои маҷозӣ — зарраҳои бунёдие, ки барояшон алоқаи байни энергия (), масса () ва импулс ()-и барои зарраҳои воқеӣ ҳатмӣ вуҷуд надорад, яъне : .

Дар электродинамикаи квантӣ майдони электромагнитӣ ҳамзамон бо зарраҳои бо майдони мазкур алоқаманд – фотонҳо муоина мегардад (гӯё он аз фотонҳо – квантҳои майдон таркиб ёфта бошад). Манбаи фотонҳо барқа (заряд)-и электрӣ аст. Таъсири мутақобили ду барқаро чунин тасаввур мекунанд: барқаи якум фотон меафканад ва барқаи дуввум он фотонро фурӯ мебарад. Ин гуна тасаввурот дар таъсири мутақобили ҳастаӣ татбиқ шудааст, онро ҳанӯз соли 1934 И. Е. Тамм пешниҳод карда буд. Сонитар соли 1935 физики ҷопонӣ Юкава ба ҳайси пайк (ҳомили майдон)-и таъсири мутақобили ҳастаӣ зарраҳои ҳанӯз кашфнагардидаеро пешниҳод кард, ки массаашон тақр. ба 200–300 массаи электрон баробар буд. Соли 1938 зарраи мю-мезон кашф гардид, вале он ба нақши пайки таъсири мутақобили зӯр мувофиқат накард. Минбаъд (солҳои 1947–50) аввал дар таркиби нурҳои кайҳонӣ ва баъд дар таҷрибаҳо бо истифодаи суръатфизоҳо пи-мезон (массааш баробари 270 массаи электрон) кашф гардид, ки аз рӯи хосиятҳояш ба зарраи Юкава шабоҳат дошт.

Тибқи назарияи квантӣ, бинобар мавҷуд будани таносуби номуайянии Ҳайзенберг барои энергияю вақт – ∆E ∙ ∆t ≥ ħ, вайроншавии муваққатии қонуни бақои энергия ба вуҷуд меояд. Объекти мутавассити аз як зарра ба зарраи дигар интиқолёбанда умри ниҳоят кӯтоҳи баробар ба вақти ҳастаӣ – 10-23 с дорад (вақти ҳастаӣ фосилаи вақтест, ки фотон қутри ҳастаро дар тӯли он мепаймояд), аз ин рӯ, барои пайдо шудани чунин зарра имкон фароҳам меояд. Зарраҳое, ки умрашон баробари фосилаи мазкури вақт мебошад, дар таҷриба мушоҳиданопазиранд ва онҳоро зарраҳои маҷозӣ ном гузоштаанд. Нақши асосии зарраҳои маҷозӣ дар он аст, ки онҳо пайкҳои таъсири мутақобили байни зарраҳои бунёдӣ мебошанд. Мас., ду электрон ба ҳам тавассути фотонҳои маҷозӣ таъсир мекунанд – яке аз электронҳо ин фотонро меафканаду дигараш онро фурӯ мебарад. Адронҳо байни худ, асосан. тавассути мубодилаи зарраҳои маҷозии ба ном глюонҳо таъсири мутақобил доранд. Ҳар як амали пайдарпайи мубодила (афканиш ва фурӯбурди глюон) бе вайроншавии вобастагии энергия ва импулс имконнопазир мебошад.