Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарраҳои муаллақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарраҳои муаллақ — зарраҳои дар об ё ҳаво муаллақ шинокунанда, ки аз якчанд ҳиссаи микрон то якчанд мм андоза доранд.

Аз ҷиҳати пайдоишу таркиб зарраҳои муаллақ табиати биогенӣ, терригенӣ, хемогенӣ, вулканогенӣ ва космогенӣ доранд. Онҳо барои пайдоиши сангҳои таҳшинӣ (гилҳо, алевритҳо, сангҳои хемогенӣ ва ғ.) масолеҳи асосӣ ба шумор мераванд. Миқдори зарраҳои муаллақ шаффофият ва дигар хосиятҳои физикию кимиёии об ё ҳаво (ранг, садогузаронӣ ва ғ.)-ро муайян мекунад.