Зарраҳои ҳамсон
Намуди зоҳирӣ
Зарраҳои ҳамсон — зарраҳое, ки хосиятҳои физикӣ — масса, заряди электрӣ, спин ва дигар тавсифоти дохилии ҳамсон (ададҳои квантӣ) доранд. Масалан, ҳамаи электронҳои дар Коинот мавҷуд айнан ба як гунаанд. Зарраҳои ҳамсон ба принсипи айният тобеъ мебошанд. Мафҳуми «зарраҳои ҳамсон» чун тасаввурот дар бораи зарраҳои куллан ё умуман (принсипан) аз ҳамдигар фарқнопазир — мафҳуми квантию механикӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарраҳои ҳамсон / Я. Ш. Самарқандӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.