Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заррофа (бурҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заррофа
Нигора
Номи расмӣ лот. Camelopardalis[1]
Номи кӯтоҳ Cam
Ҳаммарз бо Draco[d], Ursa Minor[d], Cepheus[d], Cassiopeia[d], Perseus[d], Мумсикулинон, Lynx[d] ва Ursa Maior[d]
Кошиф Petrus Plancius[d]
Таърихи кашф 1612
Масоҳат
  • 757 square degree
Тасвири нақшаи мавқеият
Astronomic symbol image
 Парвандаҳо дар Викианбор

Заррофа (лот. Camelopardalis, Cam) — бурҷи бузург ва тираи назди Қутби Шимолии Замин.

Бори аввал соли 1624 риёзидони олмонӣ Я. Барч ва баъдтар И. Кеплер онро ба феҳрасти бурҷҳо дохил кардаанд. Масоҳаташ 757 дараҷаи мураббаъ буда, 144 ситорааш бо чашми одӣ намудор аст. Ситораи дурахшонтаринаш — ҷуфтситораи β-Заррофа дорои қадри ситоравии 4,03m (4,0m ва 7,4m) мебошад. Масса ва нимқутр (радиус)-и ситора нисбат ба масса ва нимқутри Офтоб мувофиқан 5,5 ва 30 баробар бузургтар бошанд ҳам, ҳарорати сатҳашон бо ҳам наздик (5940 К) аст. Қадри мутлақи ситоравиаш (4,9m), нисбат ба қадри ситоравии Офтоб 3,3 ҳазор баробар бузургтар буда, ҷилонокии баланд дорад. Масофаи байни Замин ва ситора тақр. 1000 с. р. ҳисоб карда шудааст. α-Заррофа ситораи фавқулазими кабуд (4,3m)-и Заррофа буда, ҳарчанд дар масофаи 7 ҳазор с. р. аз Замин воқест, онро бо чашм дидан мумкин аст. Онро ба гурӯҳи тайфии O9,5I АЕ мансуб медонанд. Қадри мутлақи ситора −7,1m буда, нисбат ба Офтоб қариб миллион баробар равшантар ва 50 баробар вазнинтар аст. Ҳарорати сатҳаш 32000 К. Дар Заррофа галактикаҳо (NGC 2403, MACS0647-JD, IC 342, NGC 2655, NGC 2403) ва тарокуми ситоравии мансура (NGC 1502) ҷой доранд. Заррофа дар назди ситораи қутбӣ ҷойгир буда, аз ҳудуди Тоҷикистон ҳамеша мушоҳада мешавад.