Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарфияти киштӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарфияти киштӣ

Зарфияти киштӣ — яке аз тавсифоти асосии ҳама гуна нақлиёти обӣ; миқдори умумии обе, ки қисми зериобии киштӣ танг карда мебарорад.

Массаи ин миқдори об ба массаи тамоми киштӣ, сарфи назар аз андоза ё ҳаҷм, масолеҳ ва шакли он вобаста мебошад. Зарфияти ҳаҷмӣ ва массаиро фарқ мекунанд. Зарфияти ҳаҷмии киштӣ ба тамоми ҳаҷми қисми зериобии танаи киштӣ поинтар аз ватерхат (хатти расиши сатҳи ороми об ба танаи киштии шинокунанда), аз ҷумла қисми барҷаста (гурӯҳи рулӣ, парраҳои винтҳои шиноварӣ, кронштейнҳо ва ғ.) баробар аст. Зарфияти массаӣ ба массаи тамоми киштӣ, аз ҷумла захираҳои киштӣ ва тавозунбор (балласт)-и он баробар мебошад. Дар ҳолати доимӣ будани зарфияти массаии киштӣ зарфияти ҳаҷмии он метавонад вобаста ба зичии об тағйир ёбад (мас., ҳангоми гузаштани киштӣ аз оби ширин ба оби шӯри баҳр). Вобаста ба бори киштӣ зарфияти стандартӣ, меъёрӣ (нормалӣ), бузургтарин ва холӣ ва барои киштиҳои зериобӣ зарфияти зериобӣ ва рӯиобии киштиро фарқ мекунанд.