Зарфҳои марбут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарфҳои марбут

Зарфҳо́и марбу́т — зарфҳое, ки қисми поёнашон ба ҳам пайваст аст ва моеъ аз як зарф ба зарфи дигар ҷорӣ шуда метавонад.

Қонун[вироиш | вироиши манбаъ]

Пӯёнамоии қонуни зарфҳои марбут

Зарфҳои марбут ба қисми қонуни Стевин[1] итоат карда, қувваи вазнинӣ ва фишор (фишори ҳидростатикӣ) дар ҳар зарф доимӣ мемонад. Агар қутри зарфҳои марбути пури моеи якҷинса то андозае калон ва ҳодисаи капилляриро ба эътибор нагирифтан мумкин бошад, савияи моеъ дар ҳар ду зарф баробар хоҳад буд: h1=h2. Дар ҳолати ба яке аз зарфҳо илова кардани моеъ, боз ҳам сатҳи онҳо яксон (баробар) мешавад. Дар сурати бо моеъҳои гуногун пур будани зарфҳои марбут баландии сутунҳои моеъ (h1 ва h2) ба зичии моеъҳо (ρ1 ва ρ2) мутаносиби чаппа мебошад: ρ1 h12 h2. Аз рӯи ин таносуб зичии моеъҳоро муайян кардан мумкин аст. Вале агар даҳони яке аз зонуҳои зарфҳои марбут маҳкам бошад, он гоҳ фарқи савияҳои моеъ ба фишори болоии ҳамин зону вобаста мешавад. Кори манометрҳои пӯшида ба ҳамин ҳодиса асос ёфтааст.

Татбиқ[вироиш | вироиши манбаъ]

Усули зарфҳои марбут аз давраи Руми Қадим (барои обгузаронӣ) истифода мегардид. Кори шишаҳои обсанҷи дегҳои буғ, шлюзҳои дарёву наҳрҳо, манораҳои обфишорӣ, лӯлаҳои обдиҳӣ, фаввораҳо, чойник ва ғайра ба ҳамин хусусияти моеъҳо асос ёфтааст.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Spellman, Frank R.; Whiting, Nancy E. (2005). Environmental engineer's mathematics handbook. CRC Press. ISBN 978-1-56670-681-0.