Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зархарид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зархарид — шакли таърихан аввалин ва нисбатан дурушти истисморро гӯянд.

1. Дар гузашта каниз ё ғуломе, ки бо зар (пул) хариду фурӯш мешуд. 2. Ашхоси бегона, ки аз давраҳои қадим ба хидмати ҳарбӣ дар лашкари давлати дигар ҷалб мешуданд ва яке аз роҳҳои тақвият додани неруи ҳарбӣ ба шумор мерафт. 3. Дар ҳуқуқ шахсе, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлати дигаре, ки бевосита ва ихтиёран ба муборизаи мусаллаҳона ба тарафдории яке аз низоъгарон (давлатҳои даргир) ҳамроҳ мешавад. Аввалин бор мафҳуми зархарид соли 1977 дар Протоколи иловагии I аз 8 июни 1977 ба Муоҳидаҳои Женева аз 12 августи 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳона истифода шуд. Зархарид мақоми комбатант ва асирони ҳарбӣ надорад. Зархарид дар асоси Конвенсия оид ба манъи ҷалб, истифода, маблағгузорӣ ва таълими зархаридон (1989) шахсест, ки барои иштирок дар ҳаракатҳои якҷояи зӯроварона бо мақсади сарнагун кардани ҳукумат, халалдор кардани тартиботи конститутсионӣ ва тамомияти арзии давлат махсус ҷалб мешавад.